Рӯзи кушодашавии "McDonald's" маълум шуд

© Sputnik / Mikhail Voskresenskiy / Гузариш ба медиабонкВывеска на ресторане "Макдоналдс" в Москве
Вывеска на ресторане  Макдоналдс в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Нахустин 15 тарабхонаи "McDonald's"-и нав дар нуқоти гуногуни шаҳр ва вилояти Маскав ифтитоҳ хоҳанд шуд. Номи нави муассиса ҳанӯз эълон наградидааст
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Қабули меҳмонон дар тарабхонаҳои "McDonald's"-и нав аз рӯзи 12 июн оғоз хоҳад шуд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли дафтари матбуотии ин ширкат.
Ба иттилои манбаъ, 15 нуқтаи ҷадид дар шаҳр ва вилояти Маскав ифтитоҳ хоҳад шуд.
Аз ҷумла 12 июн тарабхонаҳо дар кӯчаҳои Броннаяи Калон, Арбат, шоҳроҳи Лениград, Кашир, Дорогомилови Калон, Ординкаи Калон, кӯчаи Покришкина, Бутирская, Люблино, хиёбони Маршал Жуков ва гузари Коломенск кушода мешаванд.
Дар баробари ин ифтитоҳи тарабхонаҳо дар ин рӯз дар навоҳии Одинсово, Химки ва Реутово дар назар мебошанд.
Тележка для продуктов в супермаркете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
СММ: Қимати ғизо дар ҷаҳон дар як сол 28 дарсад боло рафт
"Дар мавриди санаи кушодашавии тарабхонаҳои дигар, номи нав ва дигар нақшаҳо иловатан хабар дод хоҳад шуд", - иттилоъ додаанд дар дафтари матбуоти ширкат.
Қаблан зимни шарҳи рӯйхати ғизоҳо зикр шуда буд, ки баъди иваз кардани тамға номгӯи ғизоҳо ба таври консептуалӣ тағйир намеёбанд ва хеле наздик ба хӯроки қаблии "McDonald's" хоҳанд буд.
Маврид ба зикр аст, ахиран "McDonald's", ки беш аз 30 сол дар Русия фаъолият дошт, аз басташавии муваққати 850 тарабхона хабар дод. Баъдан дар бораи тарки кишвар кардани ин ширкат дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина хабар дода шуд.
Феълан маълум аст, "McDonald’s" тиҷораташро ба Александр Говор мефурӯшад, ки ӯ фаъолияти тарабхонаҳоро таҳти тамғаи нав ба роҳ меандозад. Феълан ҳамаи тарабхонаҳо баста буда, ҳамаи 62 ҳазор корманди он маошашонро гирифта истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0