Аз Русия то Қрим ҳаракати нақлиёт аз тариқи хушкӣ оғоз шуд

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкРабочая поездка министра обороны РФ С. Шойгу в Южный военный округ
Рабочая поездка министра обороны РФ С. Шойгу в Южный военный округ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Дар баробари роҳи мошингард ҳамчунин миёни Федератсияи Русия, Донбасс, Украина ва Қрим ҳаракати роҳи оҳан низ аз сар гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар бораи кушодани роҳи заминӣ дар қитъаи Қрим хабар дод.
Дар баробари ин ба воситаи канали Қрими Шимолӣ ба нимҷазираи Қрим интиқоли бемамонияти об аз сар гирифта шуд.
Илова бар ин, Шойгу дар бораи азсаргирии ҳаракати роҳи оҳан байни Федератсияи Русия, Донбасс, Украина ва Қрим гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорати дифои Русия дар якҷоягӣ бо ширкати Роҳи оҳани Русия, барои аз сар гирифтани ҳаракати пурраи нақлиёт якбора дар шаш қитъаи роҳи оҳан шароити заруриро фароҳам овардааст.
"Дарозии умумии қитъаҳои роҳи оҳани барқароршуда 1200 километрро ташкил медиҳад", - гуфт Шойгу.
Раҳбари ин ниҳоди ҳарбӣ гуфт, интиқоли бор ба Мариупол, Бердянск ва Херсон аллакай тавассути ин қисмат оғоз шудааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Зеленский бори дигар аз омодагии худ барои музокирот бо Путин гуфт
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Теъдоди асирони ҷангии украинӣ ба 6489 нафар расид
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ, озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0