Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Эълони теъдоди мулкиҳои куштаю маҷруҳшуда дар Донетск

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЖители Петровского района Донецка в бомбоубежище. Архивное фото.
Жители Петровского района Донецка в бомбоубежище. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Обуна шудан
Дар миёни кушташудагон ва маҷруҳон тайи 111 рӯзи шиддати даргирӣ дар Ҷумҳурии халқии Донетск даҳҳо нафар кӯдак сабти ном шудааст
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар марҳилаи шиддати мухолифат дар Донетск ҷониби Украина беш аз 3,6 ҳазор бор аз силоҳи вазнини ҷангӣ сӯйи ҶХД шилик кардааст.
РИА "Новости" аз қавли мақомоти ҶХД хабар дода афзуд, ки тайи 111 рӯзи ташаннуҷи вазъ дар қаламрави Донетск 155 нафари мулкӣ, аз ҷумла 8 кӯдак ба ҳалокат расидаанд.
Теъдоди сокинони мулкие, ки тайи ин муддат ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, 725 нафар арзёбӣ шудааст, ки дар ин миён 55 нафарашон кӯдак мебошанд.
Ба иттилои мақомоти ҶХД, дар маҷмуъ нерӯҳои украинӣ аз зиёда аз 3 ҳазору 625 бор аз силоҳи вазнини ҷангӣ сӯйи Донетск оташ кушодаанд, ки дар ин миён партоби зиёди мушакҳо низ мебошад.
Инчунин тайи муддат зиёда аз 4,1 ҳазор бино, 888 иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла 54 муассисаи тиббӣ, 165 муассисаи таълимӣ, 356 иншооти таъмини барқ, об ва газ осеб дидаанд.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Макрон бо як ибора дар бораи Русия Украинаро тарсонд
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
Лентаи хабарҳо
0