https://sputnik.tj/20220607/asiron-ukrain-6489-nafar-1049002586.html
Теъдоди асирони ҷангии украинӣ ба 6489 нафар расид
Теъдоди асирони ҷангии украинӣ ба 6489 нафар расид
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди низомиёни асиршудаи Украина р=з ба р=з дар щоли афзоиш аст ва инак ба 6489 нафар расидааст, гуфт вазири дифои Федератсияи Русия
2022-06-07T17:10+0500
2022-06-07T17:10+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амният ва мудофиа
дар русия
асир
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048534466_0:121:3085:1856_1920x0_80_0_0_036ec81de38f5e20d4d9cb594446b232.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Теъдоди умумии низомиёни асиршудаи Украина аз 6,4 ҳазор нафар гузашт. Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи сешанбе хабар дод."Дар панҷ рӯз 126 низомии қувваҳои мусаллаҳи Украина таслим шуданд, ки шумораи умумии онҳо 6489 нафарро ташкил медиҳад", - гуфт Шойгу дар конфронсе дар бораи натоиҷи амалиёти вижаи низомӣ.Ин дар ҳолест, ки яке аз сарбози асируфтодаи украинӣ сабаби таслим шуданро бемаънӣ будани муқовимат гуфт."Дигар муқовимат кардан бемаънӣ буд, ризқу рӯзӣ, об, снаряду патронҳо тамом мешуданд, ҳатто ба мо касе кумак накард. Фармондеҳон низ зидди таслимшавӣ набаромаданд. Онҳо ҳам таслим шуданд", - гуфт дар суҳбат бо рӯзноманигорон сарбоз Евгений.Шӯрои федератсия: Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро ба дарозо намекашадЁдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ, озодсозии Донбасс номида шуд.Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.
https://sputnik.tj/20220607/amaliyot-vizha-ukraina-siloh-rusiya-1048993755.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048534466_264:0:2995:2048_1920x0_80_0_0_cbec46ac317cff12f586e12cb74843fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
низомии украинӣ, русия, таслим
низомии украинӣ, русия, таслим
Теъдоди асирони ҷангии украинӣ ба 6489 нафар расид
17:10 07.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Теъдоди низомиёни асируфтодаи Украина рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва инак, ба 6489 нафар расидааст, гуфт вазири дифои Федератсияи Русия
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Теъдоди умумии низомиёни асиршудаи Украина аз 6,4 ҳазор нафар гузашт. Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи сешанбе хабар дод.
"Дар панҷ рӯз 126 низомии қувваҳои мусаллаҳи Украина таслим шуданд, ки шумораи умумии онҳо 6489 нафарро ташкил медиҳад", - гуфт Шойгу дар конфронсе дар бораи натоиҷи амалиёти вижаи низомӣ.
Ин дар ҳолест, ки яке аз сарбози асируфтодаи украинӣ сабаби таслим шуданро бемаънӣ будани муқовимат гуфт.
"Дигар муқовимат кардан бемаънӣ буд, ризқу рӯзӣ, об, снаряду патронҳо тамом мешуданд, ҳатто ба мо касе кумак накард. Фармондеҳон низ зидди таслимшавӣ набаромаданд. Онҳо ҳам таслим шуданд", - гуфт дар суҳбат бо рӯзноманигорон сарбоз Евгений.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ, озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.