https://sputnik.tj/20220606/tolibon-davlati-eron-darkhost-daryofti-viza-1048978665.html
Толибон аз давлати Эрон дархости дарёфти осони виза карданд
Толибон аз давлати Эрон дархости дарёфти осони виза карданд
Sputnik Тоҷикистон
Волии Қандаҳор аз мақомоти Эрон даъват кардааст, ки дарёфти визаро барои шаҳрвандони Афғонистон ва шароити тиҷорати марзиро содатар созанд
2022-06-06T19:20+0500
2022-06-06T19:20+0500
2022-06-06T21:59+0500
эрон
афғонистон
ҳамкорӣ
виза
раводид
тиҷорат
дарёфт
қандаҳор
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759861_0:0:2748:1546_1920x0_80_0_0_c9ad543e350fc3d7ab8b7a0548c71a30.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Сайид Ҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Афғонистон ахиран дар раъси як ҳайат дар Қандаҳор бо Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф Вафо, волӣ ва дигар мақомдорони ин вилоят дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Форс”.Тибқи иттилои манбаъ, Сайид Ҳасани Муртазавӣ дар ин дидор таъкид кардааст, ки Эрон омодааст, равобити тиҷорӣ бо Афғонистонро густариш диҳад.Ба гуфтаи ӯ, "амнияту оромии Афғонистон амнияту оромии Эрон аст ва Теҳрон ҷонибдори сулҳу субот, оромӣ ва амният дар ин кишвар аст".Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф Вафо, волии Қандаҳор гуфт, ҳар кишваре, аз ҷумла Эрон метавонад бидуни мушкилот фаъолияти худро дар ин устон дубора тавсеа диҳад.Ҳамчунин волии Қандаҳор хостори дарёфти содаи раводид ё виза ба шаҳрвандони Афғонистон ва ҳамчунин мусоидат ба тиҷорати шабонарӯзӣ дар марзи муштарак ба хотири тавсеаи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва амниятии ду кишвар шуд.Ёдовар мешавем, ки Теҳрон чанде қабл мизбони музокираи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва толибон барои ёфтани як роҳи ҳалли мусолиматомез барои поён додан ба муноқишот буд.Муртазавӣ мегӯяд, сиёсати Эрон талош барои пешгирӣ аз вуқуи ҳар гуна ошӯб ва даргирӣ дар Афғонистон аст ва ба сурати ҷиддӣ муқобили ҳар талоше барои шуруи ҷанг дар ин кишвар меистанд.Муовини сафири Эрон дар Кобул гуфтааст, Теҳрон барои осонсозии гуфтугӯҳои миёни толибон ва мухолифон ба талоши худ идома медиҳад.
https://sputnik.tj/20220606/hushdori-tolibon-sokinon-kobul-puli-ob-pardokht-dodgoh-1048969487.html
эрон
афғонистон
қандаҳор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759861_305:0:2748:1832_1920x0_80_0_0_eeccb89ecb2deb699f3e51e998577629.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, эрон, марз, тиҷорат, виза, дарёфт, осон, сода, шароит
афғонистон, эрон, марз, тиҷорат, виза, дарёфт, осон, сода, шароит
Толибон аз давлати Эрон дархости дарёфти осони виза карданд
19:20 06.06.2022 (Навсозишуда: 21:59 06.06.2022) Волии Қандаҳор аз мақомоти Эрон даъват кардааст, ки дарёфти виза барои шаҳрвандони Афғонистон ва шароити тиҷорати марзиро содатар созанд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Сайид Ҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Афғонистон ахиран дар раъси як ҳайат дар Қандаҳор бо Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф Вафо, волӣ ва дигар мақомдорони ин вилоят дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Форс”.
Тибқи иттилои манбаъ, Сайид Ҳасани Муртазавӣ дар ин дидор таъкид кардааст, ки Эрон омодааст, равобити тиҷорӣ бо Афғонистонро густариш диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, "амнияту оромии Афғонистон амнияту оромии Эрон аст ва Теҳрон ҷонибдори сулҳу субот, оромӣ ва амният дар ин кишвар аст".
Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф Вафо, волии Қандаҳор гуфт, ҳар кишваре, аз ҷумла Эрон метавонад бидуни мушкилот фаъолияти худро дар ин устон дубора тавсеа диҳад.
Ҳамчунин волии Қандаҳор хостори дарёфти содаи раводид ё виза ба шаҳрвандони Афғонистон ва ҳамчунин мусоидат ба тиҷорати шабонарӯзӣ дар марзи муштарак ба хотири тавсеаи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва амниятии ду кишвар шуд.
Ёдовар мешавем, ки Теҳрон чанде қабл мизбони музокираи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва толибон барои ёфтани як роҳи ҳалли мусолиматомез барои поён додан ба муноқишот буд.
Муртазавӣ мегӯяд, сиёсати Эрон талош барои пешгирӣ аз вуқуи ҳар гуна ошӯб ва даргирӣ дар Афғонистон аст ва ба сурати ҷиддӣ муқобили ҳар талоше барои шуруи ҷанг дар ин кишвар меистанд.
Муовини сафири Эрон дар Кобул гуфтааст, Теҳрон барои осонсозии гуфтугӯҳои миёни толибон ва мухолифон ба талоши худ идома медиҳад.