Барои 200 сомонӣ то мурдан зад: тафсилоти куштори писари хурдсол дар Бохтар

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Дар сурати тасдиқи иттиҳомот алайҳи дастгиршуда ӯро ҳукми маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ интизор аст
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷиикстон дар Хатлон ҳодисаи куштори мудҳиши Зиёдулло Розиқови 9-соларо шарҳ дод.
Ба гузориши ин ниҳод, бо иттиҳоми қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки боиси марги хурдсол гаштааст, Мадинаи Аҳмади 27-сола боздошт гаштааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳодисаи мазкур санаи 27 июн сар зада буд.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда бо гумони аз дохили ҳамёнаш гирифтани 200 сомонӣ ба ғазаб омада, хурдсолро бо истифода аз миёнбанди мардона бо бераҳмии махсус латукӯб мекунад.

"Хурдсол дар пайи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад", - афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, хурдсол хонандаи мактабаи № 8-и шаҳри Бохтар буда, бо хоҳиши тағои марҳум ва шавҳаршавандаи ҷавонзан ба ӯ зиндагӣ мекард.
Дар видеое, ки ин ниҳод нашр кард, боздоштшуда шарҳ дод, ки чӣ гуна ноболиғро кушт.
"Задам аз пой афтод. Пас аз он ба ҳаммом бурдаву рӯяшро шуста об додам. Шикоят кард, ки пойҳояш дард мекунанд ва об хост. Обро додаму гулӯяшро гирифту аз ҳуш рафт. Ёрии таъҷилиро даъват кардам, ки аллакай фавтида буд", - гуфт Аҳмадова зимни бозпурсӣ.
ВУД мегӯяд, ҳоло алайҳи дастгиршуда бар асоси моддаи 110, қисми 3, банди "в", Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0