Дар садамаи мудҳиш дар Душанбе 2 нафар кушта ва 9 нафар захмӣ шуданд

© Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне ТаджикистанаДТП
ДТП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Мақомот мегӯянд, садамаи маргборе, ки дар пойтахт ду куштаву нуҳ захмӣ дар пайи дошт, аз ноуҳдабароии ронандаи ҷавони мошини сабукрав сар зад
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Субҳи якшанбеи 5 июни дар шаҳри Душанбе садамаи маргбор рух додааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса соати 09:16 ба вақти маҳаллӣ сар зада бо дарёфти хабар кормандони кумита ба ҷойи ҳодиса расиданд.
Ин ниҳод мегӯяд, садама бо айби ронандаи ҷавони мошини тамғаи “Тойота Камри” сар задааст.
"Мошини тамғаи “Тойота Камри” таҳти идораи ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе буда, ӯ ҳангоми ҳаракат дар болои пули Путовский идораи худравро аз даст дода, ба автобуси мусофиркаши шаҳрӣ бархӯрдааст", - афзудааст манбаъ.
Дар натиҷаи ин садама ронандаи мошини сабукрав ва мусофири 18- солаи он дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, ҳамзамон 9 мусофири автобус ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, афзудааст манбаъ.
Захмиёнро ба Маркази миллии тиббии "Шифобахш" бурданд.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Се садамаи маргбор дар рӯзҳои истироҳатӣ: ВКД гуфт, бо гуноҳи ронандагон сар задаанд
КҲФ мегӯяд, наҷотдиҳандагон бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади қурбониёнро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон даъват кардааст, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин меъёри суръатро риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0