https://sputnik.tj/20220606/darguzasht-navisanda-mutarjim-rus-tojik-1048973604.html
Даргузашти нависанда ва мутарҷими маъруфи русу тоҷик Людмила Басова
Даргузашти нависанда ва мутарҷими маъруфи русу тоҷик Людмила Басова
Sputnik Тоҷикистон
Тарҷумони адабиёти тоҷик ба забони русӣ, собиқ сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии шӯравии "Калтак" Людмила Басова даргузашт
2022-06-06T16:15+0500
2022-06-06T16:15+0500
2022-06-06T17:26+0500
даргузашт
дар русия
тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101420/34/1014203452_0:265:2699:1783_1920x0_80_0_0_efba300a7c5db3207884e02138ef0036.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар Русия нависандаи маъруфи тоҷик Людмила Басова дар синни 82-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад бахши Иттифоқи нависандагони Федератсияи Русия дар вилояти Владимир. Басова муаллифи зиёда аз дах сенарияи филмҳои ҳуҷҷатӣ буд, ки сетои онҳо барандаи озмунҳои умумииттифоқии филмҳои хуҷҷатӣ гардиданд. Ғайр аз ин вай асарҳои бисёр насрнависони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Соли 1986 дар Маскав китоби "Зойка и Пакетик"-и ӯ ба табъ расид, қабл аз он дар Тоҷикистон чаҳор китоби дигари муаллиф ба нашр расидаанд.Людмила Басова кисЛюдмила Дмитриевна Басова 1 ноябри соли 1940 дар Душанбе таваллуд шуда, факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Ӯ замони донишҷӯйӣ дар баробари таҳсил кор низ мекард ва нахуст мусаҳҳеҳ, баъд муҳаррир дар нашриёти китоби "Ирфон" кор кардааст. Нахустин навиштаи ӯ дар шакли ҳикоя дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" соли 1960 ба табъ расида буд. Баъдан ӯ ҳамчун журналист ба ҳайси муовини сармуҳаррири Кумитаи матбуоти ҶШС Тоҷикистон низ кор кардааст.Басова инчунин сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии "Калтак" буд. Соли 1994 Людмила Басова бо оилааш ба Владимир кӯчид ва то рӯзҳои охирини худ дар он ҷо зиндагӣ мекард. Дар соли 2007 романи ӯ "Меҳри қобил" ва китобҳои "Пешомади ишқ" ва "Ситораҳои кабуди Аврупо, ситораҳои сабзи Осиё" ба табъ расидаанд. Маросими видоъ бо марҳум 7 июни соли 2022 соати 11 дар суроғаи: ноҳияи Суздал, калисои деҳаи Новое баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220520/mehmon-bakhti-masjid-markazi-janoza-luchob-khok-1048586475.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101420/34/1014203452_0:12:2699:2036_1920x0_80_0_0_d73d330e771467488131e62b414353af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт нависанда мутарҷим рус тоҷик людмила басова
даргузашт нависанда мутарҷим рус тоҷик людмила басова
Даргузашти нависанда ва мутарҷими маъруфи русу тоҷик Людмила Басова
16:15 06.06.2022 (Навсозишуда: 17:26 06.06.2022) Тарҷумони адабиёти тоҷик ба забони русӣ, сармуҳаррири собиқи маҷаллаи ҳаҷвии шӯравии "Калтак" Людмила Басова даргузашт
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар Русия нависандаи маъруфи тоҷик Людмила Басова дар синни 82-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад бахши Иттифоқи нависандагони Федератсияи Русия дар вилояти Владимир.
Басова муаллифи зиёда аз дах сенарияи филмҳои ҳуҷҷатӣ буд, ки сетои онҳо барандаи озмунҳои умумииттифоқии филмҳои хуҷҷатӣ гардиданд.
Ғайр аз ин вай асарҳои бисёр насрнависони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Соли 1986 дар Маскав китоби "Зойка и Пакетик"-и ӯ ба табъ расид, қабл аз он дар Тоҷикистон чаҳор китоби дигари муаллиф ба нашр расидаанд.
Людмила Дмитриевна Басова 1 ноябри соли 1940 дар Душанбе таваллуд шуда, факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст.
Ӯ замони донишҷӯйӣ дар баробари таҳсил кор низ мекард ва нахуст мусаҳҳеҳ, баъд муҳаррир дар нашриёти китоби "Ирфон" кор кардааст.
Нахустин навиштаи ӯ дар шакли ҳикоя дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" соли 1960 ба табъ расида буд. Баъдан ӯ ҳамчун журналист ба ҳайси муовини сармуҳаррири Кумитаи матбуоти ҶШС Тоҷикистон низ кор кардааст.
Басова инчунин сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии "Калтак" буд.
Соли 1994 Людмила Басова бо оилааш ба Владимир кӯчид ва то рӯзҳои охирини худ дар он ҷо зиндагӣ мекард.
Дар соли 2007 романи ӯ "Меҳри қобил" ва китобҳои "Пешомади ишқ" ва "Ситораҳои кабуди Аврупо, ситораҳои сабзи Осиё" ба табъ расидаанд.
Маросими видоъ бо марҳум 7 июни соли 2022 соати 11 дар суроғаи: ноҳияи Суздал, калисои деҳаи Новое баргузор мешавад.