https://sputnik.tj/20220606/bloomberg-putin-dardnoktarin-nuqta-avrupo-zarba-1048962614.html
"Bloomberg" гуфт, чӣ гуна Путин ба дардноктарин нуқтаи Аврупо зарба зад
"Bloomberg" гуфт, чӣ гуна Путин ба дардноктарин нуқтаи Аврупо зарба зад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Ғарбро маҷбур кард, ки аз таҳримҳои энергетикии худ канорагирӣ карда роҳи бурунрафт аз буҳрони энержиро ёбад
2022-06-06T12:06+0500
2022-06-06T12:06+0500
2022-06-06T14:11+0500
дар русия
аврупо
таҳрим
владимир путин
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102565/17/1025651739_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_c6e9037e3d37301df580d4f5b623da38.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин тавонист ба дардмантарин нуқтаи Аврупо зарба занад - энержӣ, болоравии нархи сӯзишворӣ боиси таваррум ва таназзули иқтисодӣ дар Ғарб шуд, менависад "Bloomberg".Тавре дар нашрия таъкид шудааст, ҷанги иқтисодӣ алайҳи Русия Иттиҳодияи Аврупоро аз ҳам ҷудо кард, зеро кишварҳо “аз таҳримҳо хаста шудаанд”."Силоҳи молиявӣ" як абзори номукаммалест, ки ба таври интихобӣ амал мекунад ва ба оқибатҳои ғайричашмдошт оварда мерасонад", - қайд мешавад дар матлаб. "Bloomberg Economics" тахмин мезанад, ки даромади нафту гази Русия имсол ҳудуди 285 миллиард доллар хоҳад буд. "Ба он колоҳои дигарро илова кунед ва ин беш аз 300 миллиард доллар захираи асъори Русияро, ки таҳти таҳримҳо мунҷамид шудааст, ташкил медиҳад", — хулоса кардааст муаллифи мақола.Пас аз оғози амалиёти вижа барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина, Ғарб фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш дод. Даъватҳо барои коҳиш додани вобастагӣ аз манобеъи энержии Русия дар Аврупо баландтар шудааст.Ба гуфтаи Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, аз эмбарго аввалин шуда истеъмолкунандагони аврупоӣ зарар мебинанд: нархҳо алакай боло рафта истодаанд ва камбуди зиёди маҳсулоти нафтӣ дар Иттиҳодияи Аврупо низ истисно нест. Дар мавриди саноати нафту гази ватанӣ бошад, вай бояд занҷирҳои нақлиётӣ ва логистикиро аз нав танзим кунад, аммо дар ниҳоят бозор мутавозин мешавад, итминон дорад Новак. Тавре Владимир Путин қайд кард, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати кишварҳои ғайридӯст аст ва ҳадафи аслии ИМА ва Аврупо бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст.
https://sputnik.tj/20220530/eron-sabab-nokomi-tahrim-gharbro-1048787808.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102565/17/1025651739_432:0:1872:1080_1920x0_80_0_0_1bf36e450a3dd1cee05424aaf39e64bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
bloomberg путин аврупо зарба
bloomberg путин аврупо зарба
"Bloomberg" гуфт, чӣ гуна Путин ба дардноктарин нуқтаи Аврупо зарба зад
12:06 06.06.2022 (Навсозишуда: 14:11 06.06.2022) Президенти Русия Ғарбро маҷбур кард, ки аз таҳримҳои энергетикии худ канорагирӣ карда, роҳи бурунрафт аз буҳрони энержиро ёбад
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин тавонист ба дардмантарин нуқтаи Аврупо зарба занад - энержӣ, болоравии нархи сӯзишворӣ боиси таваррум ва таназзули иқтисодӣ дар Ғарб шуд, менависад "Bloomberg".
"Бо вуҷуди он ки Иттиҳодияи Аврупо шадидтарин маҳдудиятҳоро алайҳи Русия мегузорад, шумори тавофуқҳо, аз гузашт дар ҷиҳати интиқоли нафт аз тариқи лӯла то хориҷ кардани кардани Патриарх Кирилл аз рӯйхати таҳримҳо, афзоиш меёбад", — менависад нашрия.
Тавре дар нашрия таъкид шудааст, ҷанги иқтисодӣ алайҳи Русия Иттиҳодияи Аврупоро аз ҳам ҷудо кард, зеро кишварҳо “аз таҳримҳо хаста шудаанд”.
"Силоҳи молиявӣ" як абзори номукаммалест, ки ба таври интихобӣ амал мекунад ва ба оқибатҳои ғайричашмдошт оварда мерасонад", - қайд мешавад дар матлаб.
"Bloomberg Economics" тахмин мезанад, ки даромади нафту гази Русия имсол ҳудуди 285 миллиард доллар хоҳад буд.
"Ба он колоҳои дигарро илова кунед ва ин беш аз 300 миллиард доллар захираи асъори Русияро, ки таҳти таҳримҳо мунҷамид шудааст, ташкил медиҳад", — хулоса кардааст муаллифи мақола.
Пас аз оғози амалиёти вижа барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина, Ғарб фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш дод. Даъватҳо барои коҳиш додани вобастагӣ аз манобеъи энержии Русия дар Аврупо баландтар шудааст.
Ба гуфтаи Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, аз эмбарго аввалин шуда истеъмолкунандагони аврупоӣ зарар мебинанд: нархҳо алакай боло рафта истодаанд ва камбуди зиёди маҳсулоти нафтӣ дар Иттиҳодияи Аврупо низ истисно нест.
Дар мавриди саноати нафту гази ватанӣ бошад, вай бояд занҷирҳои нақлиётӣ ва логистикиро аз нав танзим кунад, аммо дар ниҳоят бозор мутавозин мешавад, итминон дорад Новак.
Тавре Владимир Путин қайд кард, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати кишварҳои ғайридӯст аст ва ҳадафи аслии ИМА ва Аврупо бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст.