https://sputnik.tj/20220606/barguzori-haftahoi-farhang-eronu-tojikiston-dushanbe-tehron-1048975368.html
Баргузории ҳафтаҳои фарҳанги Эрону Тоҷикистон дар Душанбе ва Теҳрон
Баргузории ҳафтаҳои фарҳанги Эрону Тоҷикистон дар Душанбе ва Теҳрон
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, дар ояндаи наздик ҳафтаҳои фарҳанги Эрону Тоҷикистон дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шавад
2022-06-06T18:20+0500
2022-06-06T18:20+0500
2022-06-06T18:20+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
фарҳанг
душанбе
теҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044751338_0:0:964:542_1920x0_80_0_0_bb2b4efdc73387c1054494255b587d42.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаи эронии “khamenei.ir” хабар додааст, ки дар ояндаи наздик Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар шаҳри Душанбе ва Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.“Ин рухдоди фарҳангии бисёр муҳиммест. Дар ин сафар намоишгоҳҳо ва корҳои фарҳангии зиёд ва табодули устоду донишҷӯ ҳам мавриди гуфтугӯ ва мувофиқат қарор гирифт ва қарор бар ин шуд, ки ҳар ду тараф дар ин хусус барномаҳое дошта бошанд”, - қайд кард сафири Эрон дар Тоҷикистон.Вай афзуд, ки табиатан ҳар чи қадар дар ҳавзаи фарҳанг кори беҳтаре анҷом шавад, таъсири худашро бар дигар ҳавзаҳо хоҳад гузошт.Оқои Собирӣ илова кард, ки Эрон ба рушди равобити фарҳанги аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.Вай гуфт, дар ҷараёни сафари Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 баёнияи муштараке ба имзои сарони ду кишвар расид, ки дар яке аз бандҳои он ба тавсиаи фаъолиятҳои фарҳангӣ ишора ва таъкид шуда буд.“Дар ин сафар ҳам дар баёнияи муштараке, ки ба имзои сарони ду кишвар расид, бар ҳамкориҳо дар ҳама ҳавзаҳо ба вежа дар ҳавзаи фарҳанг ҳам таъкид шуд”, - қайт кард Муҳаммадтақӣ Собирӣ.
https://sputnik.tj/20220606/ravobiti-iqtisodii-tojikistonu-eron-afzoish-1048974107.html
эрон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044751338_0:0:964:722_1920x0_80_0_0_0092cb54ab39a9fc88ff19c106933ee1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, фарҳанг, душанбе, теҳрон, баргузор
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, фарҳанг, душанбе, теҳрон, баргузор
Баргузории ҳафтаҳои фарҳанги Эрону Тоҷикистон дар Душанбе ва Теҳрон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, дар ояндаи наздик ҳафтаҳои фарҳанги Эрону Тоҷикистон дар Душанбе ва Теҳрон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаи эронии “khamenei.ir” хабар додааст, ки дар ояндаи наздик Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар шаҳри Душанбе ва Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.
“Ин рухдоди фарҳангии бисёр муҳиммест. Дар ин сафар намоишгоҳҳо ва корҳои фарҳангии зиёд ва табодули устоду донишҷӯ ҳам мавриди гуфтугӯ ва мувофиқат қарор гирифт ва қарор бар ин шуд, ки ҳар ду тараф дар ин хусус барномаҳое дошта бошанд”, - қайд кард сафири Эрон дар Тоҷикистон.
Вай афзуд, ки табиатан ҳар чи қадар дар ҳавзаи фарҳанг кори беҳтаре анҷом шавад, таъсири худашро бар дигар ҳавзаҳо хоҳад гузошт.
Оқои Собирӣ илова кард, ки Эрон ба рушди равобити фарҳанги аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Вай гуфт, дар ҷараёни сафари Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 баёнияи муштараке ба имзои сарони ду кишвар расид, ки дар яке аз бандҳои он ба тавсиаи фаъолиятҳои фарҳангӣ ишора ва таъкид шуда буд.
“Дар ин сафар ҳам дар баёнияи муштараке, ки ба имзои сарони ду кишвар расид, бар ҳамкориҳо дар ҳама ҳавзаҳо ба вежа дар ҳавзаи фарҳанг ҳам таъкид шуд”, - қайт кард Муҳаммадтақӣ Собирӣ.