https://sputnik.tj/20220605/tashkil-komissiya-qazoqiston-pul-khorija-1048950810.html
Ташкили комиссия бо фармони Тоқаев барои бозгардондани пулҳо аз хориҷа
Ташкили комиссия бо фармони Тоқаев барои бозгардондани пулҳо аз хориҷа
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи байниидоравӣ дар Қазоқистон ба баргардондани маблағҳое машғул хоҳад шуд, ки шаҳрвандони ин кишвар ғайриқонунӣ ба хориҷ баровардаанд
2022-06-05T15:00+0500
2022-06-05T15:00+0500
2022-06-06T15:16+0500
иқтисод
қазоқистон
осиё
пул
комиссия
хориҷа
интиқол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:6:1333:756_1920x0_80_0_0_77920acdab845d19a68a76ada1c635d4.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Фармон дар бораи ташкили Комиссияи байниидоравӣ барои баргардондани маблағҳои ғайриқонунӣ ба хориҷа баровардашударо Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон имзо кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Қазоқиостон, бо фармони президент, Қосим Ҷомарт Тоқаев комиссияи байниидоравӣ таҳти роҳбарии додситони кулли кишвар ташкил гардид. Самти фаъолияти комиссяи бозпас овардани пулҳои ғайриқонунӣ ба хориҷа содиршуда арзёбӣ гардид. Таъкид шудааст, ки роҳбари давлат фаъолияти комиссияро шахсан назорат хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки қаблан Тоқаев гуфт, фарқи калони миёни даромади қазоқистониҳо гӯгирде дар назди маводи тарканда шуд, ки иғвогарон дар аввали соли равон аз он истифода карданду нооромиҳо ташкил намуданд.Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, аз рушди иқтисодӣ дар ин кишвар асосан элита фоида мегирад ва бархе оморро ном бурд. Зикр кард, ки дар сохтори даромади миллӣ дар соли 2020 аз ҳама зиёд бахши соҳибкорӣ ҳисса дорад, ки 61,5% аст, аммо ҳиссааш дар андоз ба 7,3% рост меояд. Ӯ таъкид намуд, ки барои маоши қазоқистониҳо камтар аз сеяки даромади миллӣ рост меояд."Фоидаро гурӯҳҳои маҳдуд мегиранд, даромади аксарияти аҳолӣ коҳиш ёфта истодааст. Ин хатари ҷиддӣ барои амнияти кишвари мо мебошад. Он метавонад ба азҳампошии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва баъдан сиёсӣ оварад", - гуфт Тоқаев.Раисҷумҳури Қазоқистон изҳор доштааст, ки заминаҳои асосии сиёсати нави иқтисодӣ дар кишвар бояд рақобати солим, шаффофияти қарорҳои қабулшуда, пешгӯишаванда будани сиёсати давлатӣ, бовиҷдонии бахши хусусӣ дар масоили андоз ва масъулияти иҷтимоии соҳибкорон бошад.
https://sputnik.tj/20220605/isloh-konstitutsiya-qazoqiston-1048946930.html
қазоқистон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:0:1333:1000_1920x0_80_0_0_46a88e15581c580b2659c13dedbdc0ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, тоқаев, бозпас, пул, қазоқистон
азм, тоқаев, бозпас, пул, қазоқистон
Ташкили комиссия бо фармони Тоқаев барои бозгардондани пулҳо аз хориҷа
15:00 05.06.2022 (Навсозишуда: 15:16 06.06.2022) Комиссияи байниидоравӣ дар Қазоқистон ба баргардондани маблағҳое машғул хоҳад шуд, ки шаҳрвандони ин кишвар ғайриқонунӣ ба хориҷ баровардаанд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Фармон дар бораи ташкили Комиссияи байниидоравӣ барои баргардондани маблағҳои ғайриқонунӣ ба хориҷа баровардашударо Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон имзо кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Қазоқиостон, бо фармони президент, Қосим Ҷомарт Тоқаев комиссияи байниидоравӣ таҳти роҳбарии додситони кулли кишвар ташкил гардид.
Самти фаъолияти комиссяи бозпас овардани пулҳои ғайриқонунӣ ба хориҷа содиршуда арзёбӣ гардид. Таъкид шудааст, ки роҳбари давлат фаъолияти комиссияро шахсан назорат хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Тоқаев гуфт, фарқи калони миёни даромади қазоқистониҳо гӯгирде дар назди маводи тарканда шуд, ки иғвогарон дар аввали соли равон аз он истифода карданду нооромиҳо ташкил намуданд.
Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, аз рушди иқтисодӣ дар ин кишвар асосан элита фоида мегирад ва бархе оморро ном бурд. Зикр кард, ки дар сохтори даромади миллӣ дар соли 2020 аз ҳама зиёд бахши соҳибкорӣ ҳисса дорад, ки 61,5% аст, аммо ҳиссааш дар андоз ба 7,3% рост меояд.
Ӯ таъкид намуд, ки барои маоши қазоқистониҳо камтар аз сеяки даромади миллӣ рост меояд.
"Фоидаро гурӯҳҳои маҳдуд мегиранд, даромади аксарияти аҳолӣ коҳиш ёфта истодааст. Ин хатари ҷиддӣ барои амнияти кишвари мо мебошад. Он метавонад ба азҳампошии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва баъдан сиёсӣ оварад", - гуфт Тоқаев.
Раисҷумҳури Қазоқистон изҳор доштааст, ки заминаҳои асосии сиёсати нави иқтисодӣ дар кишвар бояд рақобати солим, шаффофияти қарорҳои қабулшуда, пешгӯишаванда будани сиёсати давлатӣ, бовиҷдонии бахши хусусӣ дар масоили андоз ва масъулияти иҷтимоии соҳибкорон бошад.