Дар Маҷористон Зеленскийро бемори рӯҳӣ гуфтанд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция президента Украины В. Зеленского
Пресс-конференция президента Украины В. Зеленского - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2022
Обуна шудан
Сиёсатмадори маҷористонӣ бар асоси изҳороти раҳбари Украина дар бораи муттаҳидони аврупоӣ ба мушкилоти равонии ӯ ишора кард
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Раиси парлумони Маҷористон Ласло Кевер дар мусоҳиба бо "HirTV" гуфт, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бемории рӯҳӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ин дар шеваи номуносиби иртибот бо иттифоқчиёни аврупоӣ мушоҳида мешавад.
"Ман дар ёд надорам, ки раҳбари як кишвари ниёзманд ҷуръат кунад бар зидди касе, ба мисли Зеленский, ки на танҳо муқобили Маҷористон, балки ҳатто алайҳи садри аъзами Олмон чизе бигӯяд", - гуфт сиёсатшинос.
Кевер қайд кард, одамоне, ки ба ёрӣ эҳтиёҷ доранд, маъмулан бо одоб талаб мекунанд, аммо ҳеҷ гоҳ таҳдид намекунанд.
Зимнан, ба иддаои Кевер, муовини раиси дастгоҳи президенти Украина, Андрей Сибига вокуниш нишон дода, раиси парлумони Маҷористонро "сиёсатмадори хом" номид.
Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2022
"Ба ҳарфҳои Путин гӯш деҳ, на ба Зеленский": тавсияи фаронсавиҳо ба Макрон
Қобили зикр аст, ки аз оғози амалиёти вижаи Русия мақомоти Маҷористон аз интиқоли аслиҳа ба Киев худдорӣ карда, интиқоли кумакҳои низомии кишварҳои дигари Аврупоро тавассути қаламрави худ манъ карда буданд.
Илова бар ин, Будапешт ба ҷилавгирӣ аз таҳримҳо алайҳи манобеъи энержии Русия фаъолона мухолиф аст, зеро рад кардани онҳо метавонад ба иқтисоди кишвар зарари ҷиддӣ расонад.
Лентаи хабарҳо
0