Дар кӯҳҳо борону раъду барқ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Дар навоҳии кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, дар ҳамвориҳо ҳарорат рӯзона то ба 34 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда хоҳад шуд, хабар дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ба амал меояд. Дар шарқи вилоят шабона бориши сусти барф дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавлил ҳавошиносон.
Таъкид шудаст, ки ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои камабр интизор буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест.
Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, ҳаво дар водиҳои шимоли ҷумҳурӣ, шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Клумба в одном из парков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Сабти сардтарин моҳи майи аср дар Маскав
Вилояти Хатлонро ҳавои камабр фаро гирифта, шамол ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Ожонс дар мавриди шаҳри Душанбе афзуд, ки пойтахтро ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Лентаи хабарҳо
0