https://sputnik.tj/20220604/zakhmishuda-tirparroni-marz-vorukh-1048943910.html
Шахси захмишуда дар тирпарронии марзӣ дар Ворух маълум шуд: ӯ сарбоз нест
Шахси захмишуда дар тирпарронии марзӣ дар Ворух маълум шуд: ӯ сарбоз нест
Sputnik Тоҷикистон
Нафари ҷароҳатдида дар даргирии марзӣ, дар Шифохонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардида, табибон вазъи саломатии ӯро маътадил арзёбӣ мекунанд
2022-06-04T21:03+0500
2022-06-04T21:03+0500
2022-06-06T16:52+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
захм
аҳвол
баҳси марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_af273046e24e5177812737b8c92e8b49.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дар натиҷаи тирпарронии дирӯза дар марз бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон на сарбоз, балки нафари мулкӣ захмӣ шудааст. Манобеъ дар Шифохонаи шаҳри Исфара шахсияти нафари захмишуда ва вазъи саломатии ӯро шарҳ доданд. Бино ба иттилоъи манбаъ дар натиҷаи муноқишаи дирӯза дар марз, сокини шаҳри Турсунзода ҷароҳат бардоштааст. Захмишуда 21 - сол дорад ва мутахассиси соҳаи барқ мебошад. Расонаҳои Қирғизистон ҳам дирӯз дар бораи захмӣ шудани ду сарбози сарҳадбони ин кишвар иттилоъ ба нашр расонида буданд. Муноқишаи марзӣ байни сарҳадбонон ду ҳамсоякишвар қабл аз зуҳри дирӯз 3 июн дар ҳудуди ҷамоати Ворухи Исфара воқеъ дар мавзеъи "Кех" сар зад.Рухдоди ин ҳодисаро дар ҷамоати Ворухи исфара тасдиқ карда сабаб ва вазъи марзро шарҳ доданд. “Марзбонони қирғиз худсарона ба тарафи марзи мо ворид шудан хостаанд. Онҳоро барои пас гаштан сарбозони тоҷик огоҳ кардаанд, қирғизҳо ба амри сарҳадбонони мо итоат накарда, кӯшиши тирпарронӣ кардаанд, дар натиҷаи ин амали номатлуби онҳо, марзбонони тоҷик ҳам тири ҷавобӣ кушодаанд ва қирғизҳо ба ҷойи худ баргаштаанд” – гуфт, як ҳамсуҳбатони мо аз ҷамоати Ворух. Вуқӯъи ин ҳодисаро худи Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард ва изҳор дошт, ки ҳодиса баъди андак вақт поён ёфт.Қирғизистон хостори ҳалли мусолиматомези баҳси марзӣ бо Тоҷикистон шудҶониби Қирғизистон чун ҳолатҳои қаблӣ дирӯз низ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард. Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти худ, ки рӯзи 4 июн ба нашр расидааст, амалкарди ҷониби Қирғизистон дар марзи муштаракро иғво хонд. Душанбе амали ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистонро рӯзи 3 июн, як иғво хонда ва онро маҳкум кардааст. Коршинос гуфт, кӣ метавонад даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад“Ҷониби Тоҷикистон иғвои барқасдона тарҳрезишудаи ҷониби қирғизро маҳкум карда, барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои мушобеҳ дар оянда ба риояи қатъии тавофуқоти ҳосилшуда даъват мекунад”, - омадааст дар изҳорот. Маврид ба зикр аст, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
https://sputnik.tj/20220604/tojikiston-marz-qirghiziston-1048943063.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_139:0:860:541_1920x0_80_0_0_529e429e68faf73a1760d36d39a801b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
захмишуда, марз, тоҷикистон, қирғизистон,
захмишуда, марз, тоҷикистон, қирғизистон,
Шахси захмишуда дар тирпарронии марзӣ дар Ворух маълум шуд: ӯ сарбоз нест
21:03 04.06.2022 (Навсозишуда: 16:52 06.06.2022) Эксклюзив
Нафари ҷароҳатдида дар даргирии марзӣ дар шифохонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардида, табибон вазъи саломатии ӯро маътадил арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дар натиҷаи тирпарронии дирӯза дар марз бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон на сарбоз, балки нафари мулкӣ захмӣ шудааст.
Манобеъ дар Шифохонаи шаҳри Исфара шахсияти нафари захмишуда ва вазъи саломатии ӯро шарҳ доданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар натиҷаи муноқишаи дирӯза дар марз, сокини шаҳри Турсунзода ҷароҳат бардоштааст.
“Ӯро табибон дар шуъбаи эҳёи шаҳри Исфара бистарӣ кардаанд. Вазъи саломатиаш миёна арзёбӣ мешавад” – иброз намуд, манбаъ.
Захмишуда 21 - сол дорад ва мутахассиси соҳаи барқ мебошад.
Расонаҳои Қирғизистон ҳам дирӯз дар бораи захмӣ шудани ду сарбози сарҳадбони ин кишвар иттилоъ ба нашр расонида буданд.
Муноқишаи марзӣ байни сарҳадбонон ду ҳамсоякишвар қабл аз зуҳри дирӯз 3 июн дар ҳудуди ҷамоати Ворухи Исфара воқеъ дар мавзеъи "Кех" сар зад.
Рухдоди ин ҳодисаро дар ҷамоати Ворухи исфара тасдиқ карда сабаб ва вазъи марзро шарҳ доданд.
“Марзбонони қирғиз худсарона ба тарафи марзи мо ворид шудан хостаанд. Онҳоро барои пас гаштан сарбозони тоҷик огоҳ кардаанд, қирғизҳо ба амри сарҳадбонони мо итоат накарда, кӯшиши тирпарронӣ кардаанд, дар натиҷаи ин амали номатлуби онҳо, марзбонони тоҷик ҳам тири ҷавобӣ кушодаанд ва қирғизҳо ба ҷойи худ баргаштаанд” – гуфт, як ҳамсуҳбатони мо аз ҷамоати Ворух.
Вуқӯъи ин ҳодисаро худи Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард ва изҳор дошт, ки ҳодиса баъди андак вақт поён ёфт.
Ҷониби Қирғизистон чун ҳолатҳои қаблӣ дирӯз низ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти худ, ки рӯзи 4 июн ба нашр расидааст, амалкарди ҷониби Қирғизистон дар марзи муштаракро иғво хонд.
Душанбе амали ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистонро рӯзи 3 июн, як иғво хонда ва онро маҳкум кардааст.
“Ҷониби Тоҷикистон иғвои барқасдона тарҳрезишудаи ҷониби қирғизро маҳкум карда, барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои мушобеҳ дар оянда ба риояи қатъии тавофуқоти ҳосилшуда даъват мекунад”, - омадааст дар изҳорот.
Маврид ба зикр аст, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.