https://sputnik.tj/20220604/eron-mubodilot-tijorati-eron-tojikiston-afzoish-1048937224.html
Ҷаҳрумӣ: Мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон чору ним баробар афзоиш ёфтааст
Ҷаҳрумӣ: Мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон чору ним баробар афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи давлати Эрон таъкид кардааст, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон ба чоруним баробар афзоиш ёфта аст
2022-06-04T16:30+0500
2022-06-04T16:30+0500
2022-06-06T18:59+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
иқтисод
тиҷорат
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати ҶИЭ ахиран дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузорти "Эрон пресс" гуфт, ки баъд аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар ин муддати кутоҳ ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии байни Эрон ва Тоҷикистон беш аз чоруним баробар шуда аст.“Афзоиши ин ҳаҷм аз мубодилот ва содирот дар натиҷаи наздикии ду кишвар ва иштирокоти фарҳангӣ, забонӣ ва тамадуни аст, ки аз он метавон ба дурустӣ баҳра бурд”, - гуфт сухангӯи давлати Эрон.Ҷаҳрумӣ ёдрас шуд, ки 17 тафоҳумномаи имзошуда, метавонад гоми бузург дар такмил ва истиморори сиёсати давлат бошад, ки шоҳиди асарҳои мусбати он низ дар ҳамин муддати кутоҳ будем.Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран барои дидор ва ройзани бо мақомоти олирутбаи Эрон вориди Теҳрон шуд.Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ дар дидори раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои даруни силоҳи таҳримро аз кор меандозад.Ахиран Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ки Эрону Тоҷикистон то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.Дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон илова кард, ки дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба 57 миллион доллар ва ин рақам дар соли 2021 ба 121 миллион доллар расид.Дипломати тоҷик қайд кард, ки дар Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтмонию дигар соҳаҳо вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.
https://sputnik.tj/20220530/tojikiston-rohyobi-bandar-eron-1048809882.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, савдо, тиҷорат, афзоиш
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, савдо, тиҷорат, афзоиш
Ҷаҳрумӣ: Мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон чору ним баробар афзоиш ёфтааст
16:30 04.06.2022 (Навсозишуда: 18:59 06.06.2022) Сухангӯи давлати Эрон таъкид кардааст, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон ба чоруним баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати ҶИЭ ахиран дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузорти "Эрон пресс" гуфт, ки баъд аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар ин муддати кутоҳ ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии байни Эрон ва Тоҷикистон беш аз чоруним баробар шуда аст.
“Афзоиши ин ҳаҷм аз мубодилот ва содирот дар натиҷаи наздикии ду кишвар ва иштирокоти фарҳангӣ, забонӣ ва тамадуни аст, ки аз он метавон ба дурустӣ баҳра бурд”, - гуфт сухангӯи давлати Эрон.
Ҷаҳрумӣ ёдрас шуд, ки 17 тафоҳумномаи имзошуда, метавонад гоми бузург дар такмил ва истиморори сиёсати давлат бошад, ки шоҳиди асарҳои мусбати он низ дар ҳамин муддати кутоҳ будем.
Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран барои дидор ва ройзани бо мақомоти олирутбаи Эрон вориди Теҳрон шуд.
Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ дар дидори раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои даруни силоҳи таҳримро аз кор меандозад.
Ахиран Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ки Эрону Тоҷикистон то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон илова кард, ки дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба 57 миллион доллар ва ин рақам дар соли 2021 ба 121 миллион доллар расид.
Дипломати тоҷик қайд кард, ки дар Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтмонию дигар соҳаҳо вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.