https://sputnik.tj/20220603/zaminfurushi-tursunzoda-1048898267.html
Ошкор шудани заминфурӯшӣ дар шаҳри Турсунзода
Ошкор шудани заминфурӯшӣ дар шаҳри Турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
Марди муттаҳам дар қаллобӣ ҳар ҳиссаи заминро 15 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, пули гирифтаашро ба манфиати худ истифода кардааст
2022-06-03T12:50+0500
2022-06-03T12:50+0500
2022-06-03T13:27+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
заминфурӯшӣ
додситон
боздошт
муттаҳам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044288616_0:102:1920:1182_1920x0_80_0_0_29c74e3fbb45a2a3aa5971ad98696745.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сокини 46-солаи шаҳри Турсунзода дар қаллобӣ ва гирифтани маблағи калон аз ҳамшаҳрияш муттаҳам мешавад, иттилоъ додааст Вазорати умури дохилии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар шаҳри Турсунзода марди 56-сола муроҷиат карда арз доштааст, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2020 марди 46-сола ба бовараш даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Таъкид шудааст, ки ба ивази ин миқдор маблағ муттаҳам ба ӯ ваъда додааст, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонов ба масоҳати 0,08 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ медиҳад. "Аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад", - омадааст дар иттилоия. Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар зимни гузориш ба Маҷлиси миллӣ гуфта буд, заминфурӯшӣ дар навоҳии кишвар хусусияти оммавӣ касб кардааст.Вай зикр намуд, ки тайи як соли охир 1331 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор шудаанд, ки 1082 ададашон вобаста ба замин мебошанд.Дар феҳрасти онҳое, ки барои заминфурӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, 52 нафар корманди Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 49 нафар аз кумитаҳои идораи замин, 46 нафар аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 41 нафар аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 16 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 5 нафар аз меъморон зикр шудаанд.Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар пайи ҳисоботи Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ барои мубориза бо заминфурӯшӣ дастур дод. Аз ҷумла додистони кулли кишвар муваззаф шуд, ки ҳар 6 моҳ ба палатаи болоии парлумони кишвар ҳисобот ироа намояд.
https://sputnik.tj/20220512/bozdosht-rais-jamoat-ojonsi-zaminfurushi-1048378072.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044288616_174:0:1881:1280_1920x0_80_0_0_63ea7284bbed8d770c0bcacb9ee8a345.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сокин, турсунзода, заминфурӯшӣ, муттаҳам
сокин, турсунзода, заминфурӯшӣ, муттаҳам
Ошкор шудани заминфурӯшӣ дар шаҳри Турсунзода
12:50 03.06.2022 (Навсозишуда: 13:27 03.06.2022) Марди муттаҳам дар қаллобӣ ҳар ҳиссаи заминро 15 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, пули гирифтаашро ба манфиати худ истифода кардааст
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сокини 46-солаи шаҳри Турсунзода дар қаллобӣ ва гирифтани маблағи калон аз ҳамшаҳрияш муттаҳам мешавад, иттилоъ додааст Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар шаҳри Турсунзода марди 56-сола муроҷиат карда арз доштааст, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2020 марди 46-сола ба бовараш даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки ба ивази ин миқдор маблағ муттаҳам ба ӯ ваъда додааст, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонов ба масоҳати 0,08 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ медиҳад.
"Аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар зимни гузориш ба Маҷлиси миллӣ гуфта буд, заминфурӯшӣ дар навоҳии кишвар хусусияти оммавӣ касб кардааст.
Вай зикр намуд, ки тайи як соли охир 1331 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор шудаанд, ки 1082 ададашон вобаста ба замин мебошанд.
Дар феҳрасти онҳое, ки барои заминфурӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, 52 нафар корманди Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 49 нафар аз кумитаҳои идораи замин, 46 нафар аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 41 нафар аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 16 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 5 нафар аз меъморон зикр шудаанд.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар пайи ҳисоботи Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ барои мубориза бо заминфурӯшӣ дастур дод. Аз ҷумла додистони кулли кишвар муваззаф шуд, ки ҳар 6 моҳ ба палатаи болоии парлумони кишвар ҳисобот ироа намояд.