Сӯхтор дар маркази бузурги тиҷоратӣ дар Маскав: видео аз ҷойи ҳодиса

Обуна шудан
Чор ошёнаи маркази бузурги савдои "Гранд Сетун плаза" дар иҳотаи оташ қарор гирифтааст. Эҳтимол дар дохили маркази савдо теъдоде аз мардум қарор дошта бошад
Дар ғарби Маскав, дар кӯчаи Горбунова, 2/3, маркази тиҷоратии "Гранд Сетун Плаза" оташ гирифтааст, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба хадамоти изтирорӣ.
Феълан ҳамаи одамонеро, ки дар дохили бино буданд, ба ҷойи амн меоранд. Фаршҳо аз ошёнаи якум то чорум дар иҳотаи оташанд.
Тибқи иттилои пешакии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, дар ин сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо гузоришҳое шунида шуд, ки дар ошёнаи ҳафтум як нафар банд мондааст.
Ба гуфтаи манобеи дигар, дар дохили бино то 15 нафар буда метавонад.
Дар ҷойи ҳодиса дастаҳои оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ қарор доранд. Майдони сӯхтор дар бино 1 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои хомӯш кардани ин оташсӯзӣ қариб 200 нафар даст ба кор шудаанд.
Сӯхторнишонҳо ба ҷойи ҳодиса 15 мошини ёрии таъҷилӣ дархост кардаанд. Ҳоло ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои назди маркази тиҷоратӣ маҳдуд шудааст.
Сабаби сар задани сӯхтор маълум нест, мақомот чанд далели эҳтимолиро ном мебаранд, ки яке аз фарзияҳо барқасдона оташ задани марказ гуфта мешавад.
Бино ба нақли одамоне, ки дар "Гранд Сетун Плаза" кор мекунанд, пеш аз сӯхтор садои баланде, ки ба таркиш монанд будааст, шунида шудааст.
Он дар ошёнаи дуюми бино, на дуртар аз даромадгоҳи асосӣ садо додааст. Баъди ин оташи бузурге аланга задааст.
Муовини раиси Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Иля Денисов аллакай ба ҷойи ҳодиса расидааст.
Лентаи хабарҳо
0