Мураббӣ гуфт, бозигарони калидӣ нестанд: Тоҷикистон бо чӣ рӯҳия Ҷоми Осиёро оғоз мекунад?

© Foto / ФФТСборная Таджикистана (U-23)
Сборная Таджикистана (U-23) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон дар ин рақобатҳо дохили гурӯҳи "марг" аст. Бозӣ барои яккачини кишвар, ки бозигарони асосияш нестанд, мушкилтар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тими миллии олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии аввалашро бо тими миллии Арабистони Саудӣ дар Ҷоми Осиё-2022 доир мекунад.
Ин рақобат имрӯз 3 июн дар варзишгоҳи "Локомотив"-и шаҳри Тошканд соати 20:00 баргузор мегардад.
Аслиддин Ҳабибуллоев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ гуфт, ки яккачини кишвар шомили пурқувватарин гуруҳҳо аст, навиштааст дафтари матбуотии ФФТ.
Ӯ гуфт Тоҷикистон дар ин мусобиқа шомили гуруҳи "D" буда, ҳарифонаш Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва АМА, мебошанд, ки ниёз ба муаррифӣ надоранд.
"Мо дар Ҷоми Осиё-2022 шомили яке аз пурқувваттарин гурӯҳҳо мебошем. Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва АМА – ин дастаҳо ба муаррифӣ ниёз надоранд. Ҳар як мунтахаб кӯшиш мекунад, ки баранда гардад", - афзуд Ҳабибуллоев.
Номбурда гуфт, мушкилии аслии тими кишвар нарасидани бозигарони калидие мебошад, ки дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон қарор дошта, ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд.
Аммо Ҳабибуллоев гуфт, ки бо вуҷуди набудани як қатор бозигарон кӯшиш мекунанд, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Ӯзбекистон натоиҷи хуб ба даст оранд.
Сорбон Авғонов, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон бошад гуфт, ки руҳияи мунтахаби кишвар дар ҳоли хуб қарор дорад ва бозигарон муштоқи ғалабаанд.
Тренер команды Истиклол Мухсин Мухаммадиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Мақоми нави Муҳсин Муҳамадиев. Ӯ муовини Шоҳрух Саидзода шуд
Ӯ гуфт, рақибони пурқувват дар гурӯҳ бароямон ангезаи иловагӣ мебахшад ва ваъдаи нишон додани бозии хубро кард.
Ёдовар мешавем, қаблан коршиносони варзиш изҳор дошта буданд, ки ҳарифони Тоҷикистон дар ин гуруҳ ниҳот таҷрибадор ҳастанд ва ин баромадан аздастаро барои яккачини кишвар душвор хоҳад кард.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Бозии тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ дар 3 июн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар 6 июн ва Ҷопон дар 9 июн баргузор мегардад.
Барои рақобат дар ин мусобиқот сармураббии яккачини кишвар 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.
Лентаи хабарҳо
0