https://sputnik.tj/20220602/safar-rasmii-emomali-rahmon-toshkand-video-1048883611.html
Навори оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд - видео
Навори оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Тошканд, ҳамтои ӯзбекаш, Шавкат Мирзиёев, кӯдакон бо либоси миллӣ ва горди фахрии кишвари мизбон пешвоз гирифтанд.
2022-06-02T18:01+0500
2022-06-02T18:01+0500
2022-06-02T18:36+0500
видео
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
тошканд
пешвоз
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048882629_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_0b4667f0a45d0bea32b155d0763bf153.jpg
Мақомоти Ӯзбекистон видеои истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ва ҳаракати қатори мошинҳоро дар хиёбонҳои ин шаҳр нашр кард.Бар асоси видео, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев хайрамақдам гуфт. Дар фурудгоҳи Ӯзбекистон ба ифтихори кишвардори Тоҷикистон, парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, ҳамчунин Горди фахрии ин кишвар саф орост.Инчунин майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон оро ёфта буд.Сипас ҳайати меҳмонон дар қатори мошинҳо ба боғи "Ӯзбекистони нав" раҳсипор шуда, назди маҷмааи "Истиқлол" гулчанбар гузошт. Тоҷикистон харидори умедбахши нерӯи барқи "Роғун"-ро пайдо кардИнтизор меравад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2 рӯз идома ёбад.Дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамроҳӣ намуданд.Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот" сафар намудаанд.Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ менамояд.Ин сафари кишвардор бо даъвати раисҷумҳури Ӯзбекистон сурат гирифтааст.
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048882629_230:0:2047:1363_1920x0_80_0_0_200c17d17c2dcb34c26ebfe8448f7673.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз, ҳаракат, эмомалӣ раҳмон, тошканд
парвоз, ҳаракат, эмомалӣ раҳмон, тошканд
Навори оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд - видео
18:01 02.06.2022 (Навсозишуда: 18:36 02.06.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Тошканд ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев, кӯдакон бо либоси миллӣ ва Горди фахрии кишвари мизбон пешвоз гирифтанд
Мақомоти Ӯзбекистон видеои истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ва ҳаракати қатори мошинҳоро дар хиёбонҳои ин шаҳр нашр кард.
Бар асоси видео, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев хайрамақдам гуфт. Дар фурудгоҳи Ӯзбекистон ба ифтихори кишвардори Тоҷикистон, парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, ҳамчунин Горди фахрии ин кишвар саф орост.
Инчунин майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон оро ёфта буд.
Сипас ҳайати меҳмонон дар қатори мошинҳо ба боғи "Ӯзбекистони нав" раҳсипор шуда, назди маҷмааи "Истиқлол" гулчанбар гузошт.
Интизор меравад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2 рӯз идома ёбад.
Дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот" сафар намудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ менамояд.
Ин сафари кишвардор бо даъвати раисҷумҳури Ӯзбекистон сурат гирифтааст.