https://sputnik.tj/20220602/peshvoz-rahmon-toshkand-aks-1048877917.html
Кӯдакҳои миллипӯш, горди фахрӣ ва Мирзиёев: пешвози Раҳмон дар Тошканд - акс
Кӯдакҳои миллипӯш, горди фахрӣ ва Мирзиёев: пешвози Раҳмон дар Тошканд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Сафари расмии дурӯзаи президенти Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд аз маросими бошукуҳи истиқбол бо ҳузури роҳбари кишвари мизбон оғоз шуд
2022-06-02T15:20+0500
2022-06-02T15:20+0500
2022-06-02T18:05+0500
акс
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
истиқбол
фурудгоҳ
горди миллӣ
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048874780_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_af3a04782ad71e8db116377d28cbd6df.jpg
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Тошканд ҳамтои ӯзбекаш, Шавкат Мирзиёев, кӯдакон бо либоси миллӣ ва Горди фахрии кишвари мизбон пешвоз гирифтанд. Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд президенти Ӯзбекистон хайрамақдам гуфт. Дар фурудгоҳи Ӯзбекистон ба ифтихори кишвардори Тоҷикистон, парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, ҳамчунин Горди фахрии ин кишвар саф орост.Манбаъ меафзояд, раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз фурудгоҳ ба боғи "Янги Ӯзбекистон" рафтанд ва бар пояи муҷассамаи "Истиқлол" гул гузоштанд.Интизор меравад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2 рӯз идома ёбад.Азми Душанбею Тошканд барои то 1 млрд доллар расондани савдо Дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат ҳамроҳӣ намуданд.Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот" сафар намудаанд.Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ менамояд.Ин сафари кишвардор бо даъвати раисҷумҳури Ӯзбекистон сурат гирифтааст.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048874780_87:0:1224:853_1920x0_80_0_0_cb20c887d93e92ca3fa5fd55e07fde28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешвоз, раҳмон, тошканд, эмомалӣ раҳмон
пешвоз, раҳмон, тошканд, эмомалӣ раҳмон
Кӯдакҳои миллипӯш, горди фахрӣ ва Мирзиёев: пешвози Раҳмон дар Тошканд - акс
15:20 02.06.2022 (Навсозишуда: 18:05 02.06.2022) Сафари расмии дурӯзаи президенти Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд аз маросими бошукӯҳи истиқбол бо ҳузури роҳбари кишвари мизбон оғоз шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Тошканд ҳамтои ӯзбекаш, Шавкат Мирзиёев, кӯдакон бо либоси миллӣ ва Горди фахрии кишвари мизбон пешвоз гирифтанд.
© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаҲавопаймо бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, пеш аз зуҳри 2 июн дар фурудгоҳи Тошканд фуруд омад.
Ҳавопаймо бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, пеш аз зуҳри 2 июн дар фурудгоҳи Тошканд фуруд омад.
© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, ба истиқболи ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон баромад.
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, ба истиқболи ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон баромад.
© Дафтари матбуоти президенти ӮзбекистонДар фурудгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистонро кӯдакон бо либосҳои миллии тоҷикону ӯзбекон пешвоз гирифтанд.
Дар фурудгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистонро кӯдакон бо либосҳои миллии тоҷикону ӯзбекон пешвоз гирифтанд.
© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаКӯдакон дар васфи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон шеър хонданд.
Кӯдакон дар васфи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон шеър хонданд.
© Дафтари матбуоти президенти ӮзбекистонОнҳо ба бар чакану атлас ва тоқиҳои миллии тоҷикону ӯзбекон доштанд.
Онҳо ба бар чакану атлас ва тоқиҳои миллии тоҷикону ӯзбекон доштанд.
© Дафтари матбуотии президенти ӮзбекистонПрезидентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо пешвозиграндаҳои хурдсол акси хотиравӣ гирифтанд.
Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо пешвозиграндаҳои хурдсол акси хотиравӣ гирифтанд.
© Дафтари матбуоти президенти ӮзбекистонДар фурудгоҳ барои меҳмон роҳрави қолинии сабз густурда шуда, дар ду канори он Горди фахрӣ саф ороста буданд.
Дар фурудгоҳ барои меҳмон роҳрави қолинии сабз густурда шуда, дар ду канори он Горди фахрӣ саф ороста буданд.
© Дафтари матбуоти президенти ӮзбекистонСарбозони Горди фахрӣ дар маросими истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Тошкнад
Сарбозони Горди фахрӣ дар маросими истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Тошкнад
© Дафтари матбуоти президенти ӮзбекистонМаросими истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Тошканд бо иштироки горди фахрӣ
Маросими истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Тошканд бо иштироки горди фахрӣ
© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаМайдони фурудгоҳи Тошканд бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстӣ оро ёфта буд
Майдони фурудгоҳи Тошканд бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстӣ оро ёфта буд
© Дафтари матбуоти президенти ӮзбекистонРаисҷумҳури Тоҷикистон сипас ба Боғи Янги Ӯзбекистон роҳсипор шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон сипас ба Боғи Янги Ӯзбекистон роҳсипор шуд.
© Дафтари матбуоти президенти ӮзбекистонДар боғи "Янги Ӯзбекистон" Эмомалӣ Раҳмон, ба пояи муҷассамаи Истиқлол гулчанбар гузошт.
Дар боғи "Янги Ӯзбекистон" Эмомалӣ Раҳмон, ба пояи муҷассамаи Истиқлол гулчанбар гузошт.
© Дафтари матбуоти президенти ӮзбекистонДар пайи гулчанбаргузорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо бархе нозукиҳои меъмории маҷмааи Истиқлоли Ӯзбекистон шинос шуд.
Дар пайи гулчанбаргузорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо бархе нозукиҳои меъмории маҷмааи Истиқлоли Ӯзбекистон шинос шуд.
© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаДафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар фазои дӯстӣ оғоз гардид.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар фазои дӯстӣ оғоз гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд президенти Ӯзбекистон хайрамақдам гуфт. Дар фурудгоҳи Ӯзбекистон ба ифтихори кишвардори Тоҷикистон, парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, ҳамчунин Горди фахрии ин кишвар саф орост.
Манбаъ меафзояд, раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз фурудгоҳ ба боғи "Янги Ӯзбекистон" рафтанд ва бар пояи муҷассамаи "Истиқлол" гул гузоштанд.
Интизор меравад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2 рӯз идома ёбад.
Дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот" сафар намудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ менамояд.
Ин сафари кишвардор бо даъвати раисҷумҳури Ӯзбекистон сурат гирифтааст.