Раҳмон бо дастовардҳои Ӯзбекистон шинос шуду рушди бештар таманно кард

© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаФонтаны с флагами в Ташкенте
Фонтаны с флагами в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд аз боғи нав боздид кардааст, ки ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон бунёд шудааст
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз боғи тозабунёди "Ӯзбекистони нав" дар шаҳри Тошканд боздид кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро зимни боздид аз боғ сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ҳамроҳӣ карданд.
Мақомдорони мизбон ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи "Ӯзбекистони нав" ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатии ин ҷумҳурӣ бунёд шудааст.
Дар он ҷо аз ҷумла маҷмааи "Истиқлол" бунёд гардидааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо меъморию маънояш шинос шудааст.
Президенты Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Раҳмонро дар фурудгоҳи Тошканд Мирзиёев истиқбол гирифт
Таъкид гардидааст, ки дар ин маҷмаа тавассути бунёди иншооти муосир дастовардҳои мардуми дӯсту бародари ӯзбек давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар, таърихи рушду густариш ва пешрафту тараққиёти давлати миллии Ӯзбекистон таҷассум ёфтааст.
"Майдони умумии боғ 105 гектарро ташкил дода, дар он гулу дарахтони ороишӣ шинонида шудааст. Фаввораҳо, роҳравҳои зебо, муҷтамаи "Истиқлол" ва дарахтони нодир аз ороишоти асосии боғи "Ӯзбекистони нав" мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ин макон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми дӯсти узбек комёбиҳои беназир орзу кард.
Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2-юми июн оғоз шуда, интизор меравад, ки ду рӯз идома ёбад.
Лентаи хабарҳо
0