https://sputnik.tj/20220602/artish-rusiya-pervomaysk-kumak-bashardustona-intiqol-1048878998.html
Артиши Русия ба Первомайск беш аз 30 тонна кумаки башардӯстона интиқол дод
Артиши Русия ба Первомайск беш аз 30 тонна кумаки башардӯстона интиқол дод
Sputnik Тоҷикистон
Бо хохиши маъмурият дар навбати аввал ба оилахои кудакдори хурдсол, оилахои серфарзанд ва пиронсолон бастаи хурокворй ва дорувор дода мешавад
2022-06-02T15:40+0500
2022-06-02T15:40+0500
2022-06-02T18:06+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
кӯмаки башардӯстона
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/07/1046597346_0:20:3268:1858_1920x0_80_0_0_c4ce739f2436ac3a8966c823e18fb636.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳри Первомайск беш аз 30 тонна кӯмаки башардӯстона расониданд, хабар медиҳад РИА "Новости". Ба иттилои Вазорати дифои Русия, низомиён ба шаҳри Первомайски Ҷумҳурии Мардумии Луганск кумаки башардӯстона интиқол доданд.Корвони дигари башардӯстона беш аз 30 тонна маводи ғизоӣ, аз ҷумла ғизои кӯдакона, маводи гигиенӣ, доруворӣ ва маводи ниёзи аввалияро интиқол дод. Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220601/slutskiy-donbass-kherson-rusiya-1048857482.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/07/1046597346_537:0:3268:2048_1920x0_80_0_0_25c4fd126f08d9e34852521214af3f85.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия украина кумаки башардӯстона
русия украина кумаки башардӯстона
Артиши Русия ба Первомайск беш аз 30 тонна кумаки башардӯстона интиқол дод
15:40 02.06.2022 (Навсозишуда: 18:06 02.06.2022) Бо хоҳиши раҳбарият дар навбати аввал ба оилаҳои дорои кӯдак хурдсол, оилахои серфарзанд ва пиронсолон бастаи хӯрокворӣ ва доруворӣ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳри Первомайск беш аз 30 тонна кӯмаки башардӯстона расониданд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, низомиён ба шаҳри Первомайски Ҷумҳурии Мардумии Луганск кумаки башардӯстона интиқол доданд.
Корвони дигари башардӯстона беш аз 30 тонна маводи ғизоӣ, аз ҷумла ғизои кӯдакона, маводи гигиенӣ, доруворӣ ва маводи ниёзи аввалияро интиқол дод.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.