https://sputnik.tj/20220601/putin-unvon-fakhri-qahramonmodar-bargardond-1048859450.html
Путин унвони фахрии Қаҳрамонмодарро баргардонд
Путин унвони фахрии Қаҳрамонмодарро баргардонд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия идеяи эҳёи унвони "Қаҳрамонмодар" -ро ҷонибдорӣ карда, изҳор дошт, модароне, ки соҳиби ин унвон мегарданд, як миллион рубли русӣ хоҳанд гирифт
2022-06-01T20:00+0500
2022-06-01T20:00+0500
2022-06-02T12:48+0500
дар русия
владимир путин
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/01/1048856848_0:0:2963:1666_1920x0_80_0_0_cf056c017740b9afcc472c9002eac7ff.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин аз идеяи эҳёи унвони фахрии Қаҳрамонмодар пуштибонӣ кард. Дар ин бора ӯ дар мулоқот бо оилаҳое, ки бо ордени Шуҳрати падару модар мукофотонида шудаанд, изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, оилаҳои серфарзанд ба кумаки иловагӣ ниёз доранд. Президент инчунин тавзеҳ дод, мақомоти Русия розӣ шудаанд, ки муқаррароти фармон "Дар бораи чораҳои дастгирии иҷтимоии оилаҳои серфарзанд"-ро ба таври ҷиддӣ навсозӣ ва густариш диҳанд.Кӣ ба унвони Қаҳрамонмодар мушарраф мешавад?Унвони Қаҳрамонмодар ва ордени Қаҳрамонмодар бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 8 июли соли 1944 таъсис дода шудаанд. Мувофиқи қонун ба модаре, ки даҳ фарзанд таваллуд карда, ба воя расондааст, дараҷаи олӣ дода мешавад. Қариб 80%-и русиягиҳо ба Путин бовар дорандДодани унвони Қаҳрамонмодар замоне сурат мегирифт, ки фарзанди охирин ба синни яксолагӣ мерасид ва агар дигар фарзандони ин модар зинда мебуданд. Хангоми додани унвон инчунин кӯдаконеро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба фарзандӣ қабул карда шуда буданд, ба назар гирифта мешуданд.Маълум аст, ки дар тӯли 40 соли тасвиби унвони Қаҳрамонмодар беш аз 750 ҳазор падару модар бо ин унвон сарфароз шуданд. Соли 1991 унвони фахрии Қаҳрамонмодар дигар дода нашуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/01/1048856848_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_709c8826b6d9095b25bdf1f40a9b2428.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин "қаҳрамонмодар" унвон иҷтимоъ
путин "қаҳрамонмодар" унвон иҷтимоъ
Путин унвони фахрии Қаҳрамонмодарро баргардонд
20:00 01.06.2022 (Навсозишуда: 12:48 02.06.2022) Кишвардори Русия идеяи эҳёи унвони Қаҳрамонмодарро ҷонибдорӣ карда, изҳор дошт, модароне, ки соҳиби ин унвон мегарданд, як миллион рубли русӣ хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин аз идеяи эҳёи унвони фахрии Қаҳрамонмодар пуштибонӣ кард.
Дар ин бора ӯ дар мулоқот бо оилаҳое, ки бо ордени Шуҳрати падару модар мукофотонида шудаанд, изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, оилаҳои серфарзанд ба кумаки иловагӣ ниёз доранд.
"Барои медали оилаҳои серфарзанд 200 ҳазор рубл, барои ордени Шуҳрати падару модар 500 ҳазор рубл, барои Қаҳрамонмодар 1 миллион рубл пардохти яквақта муқаррар карда шавад", - гуфт Путин.
Президент инчунин тавзеҳ дод, мақомоти Русия розӣ шудаанд, ки муқаррароти фармон "Дар бораи чораҳои дастгирии иҷтимоии оилаҳои серфарзанд"-ро ба таври ҷиддӣ навсозӣ ва густариш диҳанд.
Кӣ ба унвони Қаҳрамонмодар мушарраф мешавад?
Унвони Қаҳрамонмодар ва ордени Қаҳрамонмодар бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 8 июли соли 1944 таъсис дода шудаанд. Мувофиқи қонун ба модаре, ки даҳ фарзанд таваллуд карда, ба воя расондааст, дараҷаи олӣ дода мешавад.
Додани унвони Қаҳрамонмодар замоне сурат мегирифт, ки фарзанди охирин ба синни яксолагӣ мерасид ва агар дигар фарзандони ин модар зинда мебуданд. Хангоми додани унвон инчунин кӯдаконеро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба фарзандӣ қабул карда шуда буданд, ба назар гирифта мешуданд.
Маълум аст, ки дар тӯли 40 соли тасвиби унвони Қаҳрамонмодар беш аз 750 ҳазор падару модар бо ин унвон сарфароз шуданд. Соли 1991 унвони фахрии Қаҳрамонмодар дигар дода нашуд.