https://sputnik.tj/20220601/otamboev-parvanda-muttaham-1048854092.html
Отамбоев боз дар парвандаи дигар ҳам муттаҳам шуд
Отамбоев боз дар парвандаи дигар ҳам муттаҳам шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти собиқи Қирғизистон боз дар епарванаи дигар муттаҳам шудааст. Тафтишот кӯшиш кардааст, ки бозпурсӣ кунад, аммо Отамбоев ин корро рад кардааст
2022-06-01T16:50+0500
2022-06-01T16:50+0500
2022-06-01T18:20+0500
алмосбек отамбоев
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
таҳқиқи парванда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101350/41/1013504188_0:183:2605:1648_1920x0_80_0_0_ddeb8ee0aec8875d607396c53f11ad58.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Раисҷумҳури қаблии Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳодисаҳои июн муттаҳам мешавад. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба вакили дифои президенти пешин Сергей Слесарев хабар додааст.Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, Отамбоев бо моддаи 337 - "Сӯистифода аз мақоми хидматӣ" муттаҳам мешавад. Ин парвандаро Хадамоти тафтишотии Додситонии кулл бар уҳда дорад. Слесарев қайд кардааст, тафтишот кӯшиш кард, ки бозпурсӣ гузаронад, аммо Отамбоев ин корро рад кардааст. "Мавқеи Алмосбек Шаршенович кайҳо маълум аст", - афзуд адвокат. Бар зидди Отамбоев ба чанд иттиҳоме, аз ҷумла раҳоии ғайриқонунии яке аз афроди маъруф дар ҳалқаҳои ҷиноӣ Азиз Батукаев ва ҳодисаҳои Кой-Тош парванда боз шудааст. 12 сол пеш дар пайи ҳаводиси моҳи апрел дар ҷануби Қирғизистон муноқишаи байни миллатҳо сар зад, ки бар асари он беш аз 400 нафар ҷон бохт. Вазъи сиҳатии Отамбоев дар толори додгоҳ бад шуд: ӯро мошини ёрии таъҷилӣ бурдОтамбоев он вақт муовини раиси ҳукумати муваққатӣ буд.Қаблан Додгоҳи шаҳри Бишкек Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд. Ӯ моҳи августи соли гузашта, пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдоронаш ва низомиёни дастаи таъйиноти махсуси Қирғизистон дастгир шуд.Дар пайи ноамниҳои ахир, ки дар робита ба интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон сурат гирифт, ҷонибдоронаш ӯро аз бинои КДАМ озод, вале баъди чанде сиёсатмадорро боз боздошт ва равонаи зиндон карданд.
https://sputnik.tj/20220530/boqiev-jabborov-qirghiziston-1048805133.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101350/41/1013504188_82:0:2523:1831_1920x0_80_0_0_0d0897d4d339482b18e95ce32a01d517.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
отамбоев, муттаҳам, таҳқиқот, парванда
отамбоев, муттаҳам, таҳқиқот, парванда
Отамбоев боз дар парвандаи дигар ҳам муттаҳам шуд
16:50 01.06.2022 (Навсозишуда: 18:20 01.06.2022) Президенти пешини Қирғизистон боз дар қазияи дигаре муттаҳам шудааст. Тафтишот кӯшиш кардааст, ки ӯро бозпурсӣ кунад, аммо Отамбоев ин корро рад кардааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Раисҷумҳури қаблии Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳодисаҳои июн муттаҳам мешавад.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба вакили дифои президенти пешин Сергей Слесарев хабар додааст.
Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, Отамбоев бо моддаи 337 - "Сӯистифода аз мақоми хидматӣ" муттаҳам мешавад.
Ин парвандаро Хадамоти тафтишотии Додситонии кулл бар уҳда дорад.
Слесарев қайд кардааст, тафтишот кӯшиш кард, ки бозпурсӣ гузаронад, аммо Отамбоев ин корро рад кардааст.
"Мавқеи Алмосбек Шаршенович кайҳо маълум аст", - афзуд адвокат.
Бар зидди Отамбоев ба чанд иттиҳоме, аз ҷумла раҳоии ғайриқонунии яке аз афроди маъруф дар ҳалқаҳои ҷиноӣ Азиз Батукаев ва ҳодисаҳои Кой-Тош парванда боз шудааст.
12 сол пеш дар пайи ҳаводиси моҳи апрел дар ҷануби Қирғизистон муноқишаи байни миллатҳо сар зад, ки бар асари он беш аз 400 нафар ҷон бохт.
Отамбоев он вақт муовини раиси ҳукумати муваққатӣ буд.
Қаблан Додгоҳи шаҳри Бишкек Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд. Ӯ моҳи августи соли гузашта, пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдоронаш ва низомиёни дастаи таъйиноти махсуси Қирғизистон дастгир шуд.
Дар пайи ноамниҳои ахир, ки дар робита ба интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон сурат гирифт, ҷонибдоронаш ӯро аз бинои КДАМ озод, вале баъди чанде сиёсатмадорро боз боздошт ва равонаи зиндон карданд.