Кремл вохӯрии Путин бо Зеленскийро рад накард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Русия гуфт, мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский истисно нест, аммо он бояд омода шавад
ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва Владимир Зеленский ғайриимкон нест, мегӯяд сухангӯи роҳбари Русия Дмитрий Песков.
Ба таъкиди ӯ, вохӯрии раисҷумҳурон бояд бо имзои санад анҷом ёбад, вале феълан корҳо дар самти таҳия намудани ин ҳуҷҷаҳо қатъ шудаанд.

"Мавқеи мо ва мавқеи раисҷумҳури Русия дар робита ба мулоқот бо Зеленский ба ҳама маълум аст... мулоқотро ҳеҷ кас рад намекунад. Барои Путин мулоқот бо Зеленский маъно дорад, агар зимни он ҳуҷҷате тасвиб шавад, вале феълан кор дар ин самт қайҳо қатъ гардидааст", - тавзеҳ дод Песков.

Қаблан кишвардори Украина Владимир Зеленский изҳор карда буд, ки ҳангоми бастани созишномаи Киев ва Маскав як мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин кофӣ нахоҳад буд.
"Ман тарафдори зудтар баргузор шудани мулоқот бо Русия ҳастам. Фикр намекунам, ки як мулоқот басандааст. Бо як мулоқот сари ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расидан ғайриимкон аст", - афзуда буд Зеленский.
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Эрдуғон бо Путин ва Зеленский суҳбат мекунад
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0