Аз 1 миллион сомонӣ гузашт: хисороти сел дар ноҳияи Ашт маълум шуд

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиСелевой поток в Таджикистане
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зарари расида аз селхезии ду рӯзи пешро ҳисоб кард, ки аз марзи миллион сомонӣ гузаштааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Хисороти сел дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳисоб карда шуд ва он беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Диловар Ҳамдамов, котиби матбуотии бахши КҲФ дар вилояти Суғд зимни суҳбат гуфт, дар пайи ин ҳодисаи мудҳиши табиӣ комиссияи вижа ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, баъд аз ду рӯзи таҳқиқ ҳаҷми зарари расидаро маълум намуд.
“Маълум гардид, ки бар асари сели рӯзи 30 май дар ҳудуди деҳаҳои Ашт ва Пунук, дар умум 20 пул, ҳудуди 8 километр роҳ ва 32 ҳавлии сокинони ҷамоат хароб шуда, аз ин ҳисоб 1 миллиону 109 ҳазору 500 сомонӣ хисороти молӣ расидааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест”, – гуфт котиботи КҲФ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба гуфтаи ин масъули КҲФ, ҳоло гурӯҳи корӣ ва техникаи лозим ба маҳалии ҳодиса фиристода шуда, корҳои бартарафсозии пайомади офати табиӣ ҷараён дорад.
Ашт ба ҳисоби шаҳру навоҳии Айнӣ, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Спитамен, Мастчоҳ, Деваштич ва Истаравшан аз ноҳияҳои осебпазири селхез гуфта мешавад.
Последствия ливневых дождей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Сели харобиовар дар Ашт ҳафт пул ва ҳашт километр роҳро хароб кард
Деҳоти ин ноҳия умдатан дар шароити кӯҳсор ҷойгиранд ва дар онҳо селроҳаҳое вуҷуд дорад. Мақомоти КҲФ мегӯянд, зараре, ки ҳамасола аз ҳисоби рух додани офатҳои таббиӣ, аз ҷумла селхезиҳо ба вуҷуд меоянд, марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.
Марги се ноболиғ дар обҳои кишвар: яке ҳамагӣ 2 сол дошт ва ҷасадаш ёфт нашудааст
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 30 май дар пайи боришоти борони шадид ва жола дар ҷамоати деҳоти Ашт селхезӣ рӯх дода, роҳҳои мошингард, пулҳо ва симчӯбҳои барқиро хароб намудааст.
Лентаи хабарҳо
0