https://sputnik.tj/20220601/hukumat-baroi-faroghat-kudakon-1048850202.html
Аҳмадзода гуфт, ҳукумат барои фароғати кӯдакон чӣ корҳоро анҷом медиҳад
Аҳмадзода гуфт, ҳукумат барои фароғати кӯдакон чӣ корҳоро анҷом медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, раиси Суғд аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар ин бахш изҳори назар кард
2022-06-01T15:55+0500
2022-06-01T15:55+0500
2022-06-01T18:10+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кӯдак
ҳуқуқ
рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
суғд
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027824_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_df366bda77a6c739797eb2f4a253607f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд сокинони вилоятро бо Рӯзи байналмилалии кӯдакон шодбош гуфт. Аҳмадзода зимни чорабинии ҷашнӣ дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони насли хурдсол аз иқдомоти ҳукумат барои ҳифзи кӯдакон суҳбат кард. Ба гуфтаи раиси Суғд, айни ҳол дар қаламрави вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 1800 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Вай инчунин аз даъватҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ барои анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ёдовар шудааст. "Боиси таъкид аст, ки соли ҷорӣ дар вилоят 15 лагери беруназшаҳрӣ, 524 лагери рӯзонаи наздимактабӣ ва 81лагери варзишӣ-беҳдоштӣ фаъолият хоҳанд кард, ки онҳо бештар аз 80 ҳазору 240 нафар кӯдакро фаро мегиранд", - изҳор дошт Аҳмадзода.Ӯ иттилоъ дод, ки дар таътили имсолаи тобистона 720 нафар хонандаи ятиму бепарастор, 7636 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизот ва 1420 нафар хонандаи болаёқат ройгон ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешавад.Ҳамчунин ҳукумати Суғд ният дорад, ба истироҳатгоҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи "20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов 300 кӯдаки ятиму бепарастор, ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявиро ҷалб намояд. Дар охир Аҳмадзода ба ғолибони як қатор озмунҳо ва хурдсолон туҳфаи идона дод.
https://sputnik.tj/20220531/mujozot-volidon-sughd-kudakon-bemasuliyat-1048833557.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047027824_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_0e37d31f5ea195fdd25758e8a1a4a6d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раиси суғд, ғамхорӣ, кӯдакон
раиси суғд, ғамхорӣ, кӯдакон
Аҳмадзода гуфт, ҳукумат барои фароғати кӯдакон чӣ корҳоро анҷом медиҳад
15:55 01.06.2022 (Навсозишуда: 18:10 01.06.2022) Дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, раиси Суғд дар бораи иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бахш изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд сокинони вилоятро бо Рӯзи байналмилалии кӯдакон шодбош гуфт.
Аҳмадзода зимни чорабинии ҷашнӣ дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони насли хурдсол аз иқдомоти ҳукумат барои ҳифзи кӯдакон суҳбат кард.
Ба гуфтаи раиси Суғд, айни ҳол дар қаламрави вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 1800 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
"Ҳамчунин дар вилоят зиёда аз 451 нафар ятими кулл умр ба сар мебарад ва онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор доранд", - изҳор дошт ӯ.
Вай инчунин аз даъватҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ барои анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ёдовар шудааст.
"Боиси таъкид аст, ки соли ҷорӣ дар вилоят 15 лагери беруназшаҳрӣ, 524 лагери рӯзонаи наздимактабӣ ва 81лагери варзишӣ-беҳдоштӣ фаъолият хоҳанд кард, ки онҳо бештар аз 80 ҳазору 240 нафар кӯдакро фаро мегиранд", - изҳор дошт Аҳмадзода.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар таътили имсолаи тобистона 720 нафар хонандаи ятиму бепарастор, 7636 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизот ва 1420 нафар хонандаи болаёқат ройгон ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешавад.
Ҳамчунин ҳукумати Суғд ният дорад, ба истироҳатгоҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи "20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов 300 кӯдаки ятиму бепарастор, ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявиро ҷалб намояд.
Дар охир Аҳмадзода ба ғолибони як қатор озмунҳо ва хурдсолон туҳфаи идона дод.