Ҳавои рӯзи аввали тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

© Sputnik Жители города Душанбе отдыхают в парке
Жители города Душанбе отдыхают в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Рӯзона ҳарорати ҳаво дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳадди 30 дараҷа боло хоҳад рафт
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳавои нахустин рӯзи тобистон дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар вилояти Суғд ҳавои камабр ва асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест.
Клумба в одном из парков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Сабти сардтарин моҳи майи аср дар Маскав
Ҳарорати ҳаво дар водиҳои шимоли Тоҷикистон шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 15+20 дараҷа, рӯзона 32+37 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳояш шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад, хабар доданд ҳавошиносон.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0