Гурӯҳи соҳибкорони Ӯзбекистон имконоти кор дар Тоҷикистонро меомӯзанд

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Гурӯҳи соҳибкорони ӯзбекистонӣ таҳти роҳбарии ноиби ҳокими вилояти Фарғона дар вилояти Суғд қарор дошта, тайи 3 рӯз имконоти ҳамкориро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳамкориҳои минтақаӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳоли рушд аст, изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд дар мулоқот бо ҳайати соҳибкорони ӯзбекистонӣ.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, гурӯҳи соҳибкорон аз Фарғона таҳтии роҳбарии ноиби ҳокими ин вилоят Алибек Турсунов дар Тоҷикистон қарор дорад.
Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид ба ҳамкориҳои минтақаӣ миёни ду кишвар кард.

"Аз ҷумла, миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангон, инчунин Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақаӣ санадҳо имзо гардида, дар доираи он ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст", - гуфт ӯ.

Таъкид карда шуд, ки аз Суғд нахи пахта, масолеҳи сохтмонӣ ва семент ба Ӯзбекистон содир шуда, аз он ҷо нуриҳои минералӣ, пойафзолу либос, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти маишӣ ба вилоят ворид карда мешавад.
Аҳмадзода изҳори бовар намудааст, ки сафари навбатии соҳибкорони вилояти Фарғона ва мулоқоту дидорҳояшон бо соҳибкорони вилояти Суғд ба рушди минбаъдаи равобит ва муносибатҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд. Боздиди соҳибкорони вилояти Фарғона аз Суғд аз 1 то 3 июн идома хоҳад кард.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон меравад
Ин дар ҳолест, ки роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев пеши ҳукуматҳои ду кишвар вазифа гузоштаанд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 1 млрд доллари амрикоӣ дар як сол расонанд.
Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ - апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4% афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 447,8 млн доллар баробар буд. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0