Чин марзашро бо Қирғизистон мебандад

© Пресс-служба правительства КыргызстанаПункт пропуска Иркештам. Архивное фото
Пункт пропуска Иркештам. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Чин марзашро дар ду макон бо Қирғизистон баст. Гузаргоҳҳои “Торугарт” ва “Иркештам” бо ташаббуси ҷониби Чин муваққатан баста шуданд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Аз 3-юми июн то 5-уми июн гузаргоҳҳо дар марз бо Чин баста мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Гузаргоҳҳои “Торугарт” ва “Иркештам” бо ибтикори ҷониби Чин дар робита ба таҷлили Ҷашни Дуан-у (Иди қаиқҳои аждаҳо) муваққатан баста шудаанд.
"Убури воситаҳои нақлиёт ва бор аз 6 июн аз сар гирифта мешавад", - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки ҳар ду гузаргоҳ тибқи алгоритми махсус кор мекунанд, ки танҳо интиқоли мол аз Чин ба Қирғизистонро пешбинӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Чин пас аз маҳдудияти дусола сар аз моҳи июн парвозҳои мустақим бо Тоҷикистонро аз сар мегирад.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Ёдовар мешавем, Қирғизистон баъди даргирии мусаллаҳона, ки дар охири моҳи апрели соли 2021 дар марз рух дод, марзҳояшро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.
Вале барои гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба ин кишвар дода мешавад.
Ҳамин тавр қирғизҳои этникӣ ва фарзандони ноболиғи онҳо, ки шаҳрванди Тоҷикистонанд, метавонанд аз Тоҷикистон вориди Қирғизистон шаванд.
ВУХ Қирғизистон: Душанбе ва Бишкек ба муколамаи нав омодаанд
Илова бар ин вуруд ба ин кишвар барои донишҷӯён ва омӯзгорони шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, муҷоз аст.
Лентаи хабарҳо
0