https://sputnik.tj/20220601/barnoma-rahmon-toshkand-1048860877.html
Барномаи сафари Раҳмон ба Тошканд маълум шуд
Барномаи сафари Раҳмон ба Тошканд маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон тарҳҳои муштарак дар бахшҳои тиҷорат, саноат, нақлиёт ва ҳамчунин амнияти минтақаро баррасӣ мекунанд
2022-06-01T19:00+0500
2022-06-01T19:00+0500
2022-06-01T19:03+0500
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
боздид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040122278_101:245:1180:852_1920x0_80_0_0_782fb64dcef4be786f212eddd780f65a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни як сафари расмӣ ба Ӯзбекистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар, ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ мекунад. Дар чорчӯби сафар баргузории ҳамоиши тиҷорӣ бо ширкати корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар дар назар аст. Рӯзҳои 2-3 июн раҳбарони ду кишвар гуфтугӯ хоҳанд кард. Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ баррасӣ мешаванд. Раҳмон ва Мирзиёев густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ мекунанд. Илова бар ин, ба лоиҳаҳои энергетикӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ, таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Дар назар аст, ки сарони давлатҳо доир ба рӯзномаи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор мекунанд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъйид кард, ки дар назар аст, пас аз анҷоми ин ҳамоиш як бастаи асноди дуҷониба имзо шавад. Ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафар, рӯзи 30 май дар Душанбе таҳти раёсати нахуствазирони ду кишвар ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20220531/emomali-rahmon-ba-uzbekiston-meravad-1048816432.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040122278_58:0:1194:852_1920x0_80_0_0_324247df680f23efff39f07fac39df3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафари президент, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев
сафари президент, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев
Барномаи сафари Раҳмон ба Тошканд маълум шуд
19:00 01.06.2022 (Навсозишуда: 19:03 01.06.2022) Кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон тарҳҳои муштарак дар бахшҳои тиҷорат, саноат, нақлиёт ва ҳамчунин амнияти минтақаро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни як сафари расмӣ ба Ӯзбекистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар, ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ мекунад.
Дар чорчӯби сафар баргузории ҳамоиши тиҷорӣ бо ширкати корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар дар назар аст.
Рӯзҳои 2-3 июн раҳбарони ду кишвар гуфтугӯ хоҳанд кард.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ баррасӣ мешаванд.
Раҳмон ва Мирзиёев густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ мекунанд.
"Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад", - омадааст дар хабар.
Илова бар ин, ба лоиҳаҳои энергетикӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ, таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Дар назар аст, ки сарони давлатҳо доир ба рӯзномаи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор мекунанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъйид кард, ки дар назар аст, пас аз анҷоми ин ҳамоиш як бастаи асноди дуҷониба имзо шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафар, рӯзи 30 май дар Душанбе таҳти раёсати нахуствазирони ду кишвар ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд.