Тоҷикистону Чин парвозҳоро барқарор мекунанд

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Самолет авиакомпании Somon Air
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Пас аз таваққуфи дусола, ахиран парвозҳо миёни Тоҷикистону Чин аз сар гирифта мешавад. Ҳоло дар ду ҳафта як парвоз анҷом дода мешавад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Сар аз моҳи июн парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Чин дубора аз сар гирифта мешаванд. Дар ин бора Азиз Набизода, муовини директори Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон хабар дод.

"Аз 23 июн, пас аз танаффуси дусола, ки дар пайи пандемияи коронавирус ба вуҷуд омад, парвозҳои мустақим дар самти Душанбе - Урумчӣ - Душанбе аз сар гирифта мешаванд", - гуфт ӯ.

Ба таъкиди Набизода, парвози нахустин рӯзи 23 июн дар назар аст ва онро ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines" анҷом медиҳад.
Гуфта мешавад, мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ ба мақомоти Чин дар бораи омодагии онҳо барои азсаргирии парвозҳо иттилоъ ирсол карда ва рӯзи дигар посухи расмӣ гирифтаанд, ки дар он ҷониби Чин омодагии худро барои азсаргирии парвозҳо эълон кардааст.
 Самолет авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Парвоз аз Петербург самти Душанбе ба таъхир афтод
Ҳамин тариқ ҳоло дар ду ҳафта як парвоз ва моҳе ду парвоз амалӣ хоҳанд шуд. Манбаъ афзуда, як парвозро ширкати тоҷикистонии "Сомон эйр" ва парвози дигарро "China Southern Airlines" анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 робитаи ҳавоии миёни Тоҷикистону Чин канда шуд. Ин кор ба далели авҷ гирифтани коронавирус сурат гирифт ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID-19 марзашро ба рӯйи Чин баст.
Лентаи хабарҳо
0