Тими Тоҷикистон дар Тошканд ба ҶО-2022 омодагӣ мебинад

© ФФТОлимпийская сборная Таджикистана (U-23)
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон - "U-23" барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар пойтахти Ӯзбекистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар ҳайати 22 бозигар дар Тошканд қарор дорад.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки дар пойтахти Ӯзбекистон футболбозони тоҷик дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ширкат мекунанд.

Таъкид шудааст, ки Ҳабибуллоев ба ҳайати тим 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагарро даъват кардааст.
Аз ҷумла дарвозабонҳое ба мисли Шоҳрух Қирғизбоев, Далер Азизов, Аҳлиддин Ҳабибуллоев даъват шудаанд. Ҳимоятгарон Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов, Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров, Ҷонибек Шарипов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов ва Ҳусейн Нурматов мебошанд.
Спортивно-развлекательный фестиваль DUSHANBE FOOTBALL FEST 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Ҷашнвораи футбол дар Душанбе - гузориши аксӣ
Дар феҳрасти нимҳимоятгарон аз Амадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов, Ислом Зоиров, Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов, Абдулмуъмин Забиров, Умарҷон Шарифов ва Шарафҷон Солеҳов зикр шудааст.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон дар назар буда, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бозӣ мекунад. Аз ҷумла бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ 3 июн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 6 июн ва Ҷопон 9 июн бозӣ баргузор хоҳад кард.
Нахустин зӯрозмоӣ дар ин мусобиқот рӯзи 3 июн бо тими Арабистони Саудӣ дар варзишгоҳи "Локомотив"-и Тошканд баргузор мегардад, ки соати 20:00 оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0