Мавсими нави Қаҳрамонии футбол миёни бонувон: аз кай ва миёни чанд даста?

© ФФТЖенская футбольная команда в Таджикистане
Женская футбольная команда в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Дар мавсими нави Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни занон даҳ даста рақобат мекунанд. Рӯзи оғози қаҳрамонӣ дар кишвар эълон шуд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Мавсими нави Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона 5 июн оғоз мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон аллалкай маросими қуръакашӣ баргузор шудааст.
Дар ин маросим, тақвими бозиҳои қаҳрамонии панҷуми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои занона муайян шудааст.
Ҳамин тавр, тибқи гузориши ФФТ, дар сабқат 10 дастаи бонувони варзишкор ширкат мекунанд: "Зебонисо" (Душанбе), "Ситора" (Шаҳринав), "Суғд" (Суғд), "Бунҷикат" (Шаҳристон), "Конибодом" (Конибодом), "Хатлон" (Бохтар), "Ҳосилот" (Фархор), "Зебо" (Дӯстӣ), "Бешкент" (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ).
Спортивно-развлекательный фестиваль DUSHANBE FOOTBALL FEST 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Ҷашнвораи футбол дар Душанбе - гузориши аксӣ
Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон 5 июн оғоз шуда, дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар даста ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ мекунад.
Зимнан даври якуми қаҳрамонӣ - 5 июн дастаҳои зерин вомехӯранд:
"Конибодам" (Конибодом) – "Ҳосилот" (Фархор)
"Зебо" (Дӯстӣ) – "Суғд" (Суғд)
"Ситора" (Шаҳринав) – "Зебонисо" (Душанбе)
"Хатлон" (Бохтар) – МДМВ (Кӯлоб)
"Бунҷикат" (Шаҳристон) – "Бешкент" (Носири Хусрав)
Дар даври дуюм, ки 12 июн баргузор мешавад тимҳои зерин ба майдон мебароянд:
"Ҳосилот" (Фархор) – "Бешкент" (Носири Хусрав)
МДМВ (Кӯлоб) – "Бунҷикат" (Шаҳристон)
"Зебонисо" (Душанбе) – "Хатлон" (Бохтар)
"Суғд" (Суғд) – "Ситора" (Шаҳринав)
"Конибодом" (Конибодом) – "Зебо" (Дӯстӣ)
Дар маҷмӯъ, дастаҳо дар як мавсим 18- бор ба майдон хоҳанд баромад.
Тибқи анъана, Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои занона либосҳои варзишӣ, тӯб ва пойафзол пешниҳод мекунад.
Тими Тоҷикистон дар Тошканд ба ҶО-2022 омодагӣ мебинад
Инчунин ҳаққи музди доварон, роҳкиро ва буду боши дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ пардохт мекунад.
Лентаи хабарҳо
0