https://sputnik.tj/20220531/gazprom-intiqol-holandi-qat-1048821306.html
Рубл надод: "Газпром" интиқоли газ ба ширкати ҳолландии "GasTerra"-ро комилан қатъ кард
Рубл надод: "Газпром" интиқоли газ ба ширкати ҳолландии "GasTerra"-ро комилан қатъ кард
Sputnik Тоҷикистон
"Газпром" интиқоли газро ба ширкати Ҳолландии GasTerra ба далели напардохтани пули манбаи энержӣ бо асъори русӣ қатъ кард
2022-05-31T12:20+0500
2022-05-31T12:20+0500
2022-05-31T13:59+0500
дар русия
иа
газ
ҳолланд
иқтисод
рубл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_0:0:3020:1699_1920x0_80_0_0_e7e957c7893e489dde710cad049f6166.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. "Газпром" интиқоли газро ба "GasTerra"-и Ҳолландия ба далели саркашӣ аз пардохт бо рубл тибқи нақшаи нав комилан қатъ кард, гуфта мешавад дар "Telegram-канал"-и ширкати русӣ.Тибқи гузоришҳо, то 30 май "Газпром экспорт" барои интиқоли газ дар моҳи апрел аз "GasTerra", тибқи талаботи нав, ки президенти Русия содир кард, маблағ дарёфт накардааст. Ахиран ширкати энержии Ҳолланд аз худдорияшро барои пардохти пули интиқоли сӯзишвории кабуд аз Русия бо рубл эълон кард, ки баъд аз он "Газпром" онро аз қатъи интиқол 31 май огоҳ кард ва дар натиҷа тақрибан ду миллиард метри мукааб газ мувофиқи шартномаи мавҷуд ба ин кишвар дода намешавад.Дар пасманзари афзоиши фишори таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти вижа дар Украина аз 1 апрел Маскав ба қабули пардохтҳои газ аз кишварҳои ғайридӯстро бо рубл оғоз кард, то аз ҳисоббаробаркуниҳо бо доллару евро дур шавад. Владимир Путин таъкид кард, ки даст кашидан аз фаъолият бо пули русӣ ҳамчун иҷро нашудани уҳдадориҳо дар асоси қарордодҳо арзёбӣ мешавад. Тибқи нақшаи нав, "Газпромбонк" барои ҳисоббаробаркуниҳои муштариёни хориҷӣ ҳисобҳои махсуси асъори хориҷӣ ва рубл боз мекунад. Харидор метавонад ба суратҳисоби аввал бо асъори дар шартномаи таҳвили сӯзишвории кабуд пешбинишуда маблағ гузаронад, бонк онро дар биржаи Маскав мефурӯшад ва пас аз он ба суратҳисоби харидори газ рубл ворид мекунад, ки дар натиҷа он метавонад "Газпром"-ро пардохт кунад. Дар охири моҳи апрел ширкати "Газпром" интиқоли маводи сӯхт ба Булғористон ва Лаҳистонро ба далели напардохтани пули он бо пули русӣ қатъ кард. Дар баробари ин ширкат ҳушдор дод, ки агар София ва Варшава ба гирифтани ғайриқонунии маводи сӯхт шуруъ кунанд, транзит ба кишварҳои дигар коҳиш хоҳад ёфт. Аз 21 май инҷониб интиқоли газ ба Финландия қатъ шудааст.
https://sputnik.tj/20220525/komissar-ia-vobasta-gaz-rusiya--1048705904.html
ҳолланд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_258:0:2987:2047_1920x0_80_0_0_01306ad98b8f1c00edf21fbe8ae4c7ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл "газпром" газро gasterra комилан қатъ кард
рубл "газпром" газро gasterra комилан қатъ кард
Рубл надод: "Газпром" интиқоли газ ба ширкати ҳолландии "GasTerra"-ро комилан қатъ кард
12:20 31.05.2022 (Навсозишуда: 13:59 31.05.2022) "Газпром" интиқоли газ ба ширкати ҳолландии "GasTerra"-ро ба далели напардохтани пули манбаи энержӣ бо асъори русӣ қатъ кард
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. "Газпром" интиқоли газро ба "GasTerra"-и Ҳолландия ба далели саркашӣ аз пардохт бо рубл тибқи нақшаи нав комилан қатъ кард, гуфта мешавад дар "Telegram-канал"-и ширкати русӣ.
Тибқи гузоришҳо, то 30 май "Газпром экспорт" барои интиқоли газ дар моҳи апрел аз "GasTerra", тибқи талаботи нав, ки президенти Русия содир кард, маблағ дарёфт накардааст.
Ахиран ширкати энержии Ҳолланд аз худдорияшро барои пардохти пули интиқоли сӯзишвории кабуд аз Русия бо рубл эълон кард, ки баъд аз он "Газпром" онро аз қатъи интиқол 31 май огоҳ кард ва дар натиҷа тақрибан ду миллиард метри мукааб газ мувофиқи шартномаи мавҷуд ба ин кишвар дода намешавад.
Дар пасманзари афзоиши фишори таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти вижа дар Украина аз 1 апрел Маскав ба қабули пардохтҳои газ аз кишварҳои ғайридӯстро бо рубл оғоз кард, то аз ҳисоббаробаркуниҳо бо доллару евро дур шавад.
Владимир Путин таъкид кард, ки даст кашидан аз фаъолият бо пули русӣ ҳамчун иҷро нашудани уҳдадориҳо дар асоси қарордодҳо арзёбӣ мешавад.
Тибқи нақшаи нав, "Газпромбонк" барои ҳисоббаробаркуниҳои муштариёни хориҷӣ ҳисобҳои махсуси асъори хориҷӣ ва рубл боз мекунад. Харидор метавонад ба суратҳисоби аввал бо асъори дар шартномаи таҳвили сӯзишвории кабуд пешбинишуда маблағ гузаронад, бонк онро дар биржаи Маскав мефурӯшад ва пас аз он ба суратҳисоби харидори газ рубл ворид мекунад, ки дар натиҷа он метавонад "Газпром"-ро пардохт кунад.
Дар охири моҳи апрел ширкати "Газпром" интиқоли маводи сӯхт ба Булғористон ва Лаҳистонро ба далели напардохтани пули он бо пули русӣ қатъ кард.
Дар баробари ин ширкат ҳушдор дод, ки агар София ва Варшава ба гирифтани ғайриқонунии маводи сӯхт шуруъ кунанд, транзит ба кишварҳои дигар коҳиш хоҳад ёфт. Аз 21 май инҷониб интиқоли газ ба Финландия қатъ шудааст.