https://sputnik.tj/20220531/ahmadzoda-ayodati-kudakon-maub-1048838945.html
Аҳмадзода ба аёдати кӯдакони маъюб рафт - акс
Аҳмадзода ба аёдати кӯдакони маъюб рафт - акс
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд ба хабаргирии кӯдакони маъюби шаҳри Хуҷанд рафта, ба онҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон туҳфаҳо тақдим кард
2022-05-31T22:00+0500
2022-05-31T22:00+0500
2022-05-31T22:00+0500
раҷаббой аҳмадзода
суғд
хуҷанд
кӯдакон
рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1f/1048838647_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_4fb2707ea2c0c76c030bc6e3a56955c7.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба манзилҳои кӯдакони маъюб рафта, онҳоро аёдат кард.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд кӯдакони бемор Шукрулло Амирбекзода ва Мирҳабиб Мирмуҳаммедовро аёдат кардааст.Сиёсатмадор онҳоро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфтааст.Раиси вилоят зимни аёдат гуфтааст, ки президент дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва бемор даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамояд.Аҳмадзода таъкид кардааст, ки мақомоти вилоят кӯдакони ятиму бепарастор ва беморро пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҳамасола кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарасторро ба истироҳатгоҳҳо ҷалб менамояд. "Ба беморону барҷомондагон низ мунтзам кумак расонида шуда, дар арафаву рӯзҳои ид хотири онҳо шод гардонда мешавад", - гуфтааст ӯ.Манбаъ афзуда, ки Шукрулло Амирбекзода ва Мирҳабиб Мирмуҳаммедов ҳар ду ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шуда, аз кумакҳои иҷтимоии давлат бархурдоранд.Раиси вилоят ба наврасон туҳфаҳои худро супорида, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу кардааст.
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1f/1048838647_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_62daba1fb53b728c05b21ee19c0a0cd6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадзода, кӯдакони маъюб, рӯзи кӯдакон, туҳфаҳо
аҳмадзода, кӯдакони маъюб, рӯзи кӯдакон, туҳфаҳо
Аҳмадзода ба аёдати кӯдакони маъюб рафт - акс
Раиси вилояти Суғд ба хабаргирии кӯдакони маъюби шаҳри Хуҷанд рафта, ба онҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон туҳфа тақдим кард
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба манзилҳои кӯдакони маъюб рафта, онҳоро аёдат кард.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд кӯдакони бемор Шукрулло Амирбекзода ва Мирҳабиб Мирмуҳаммедовро аёдат кардааст.
Сиёсатмадор онҳоро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфтааст.
Раиси вилоят зимни аёдат гуфтааст, ки президент дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва бемор даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамояд.
Аҳмадзода таъкид кардааст, ки мақомоти вилоят кӯдакони ятиму бепарастор ва беморро пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҳамасола кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарасторро ба истироҳатгоҳҳо ҷалб менамояд.
"Ба беморону барҷомондагон низ мунтзам кумак расонида шуда, дар арафаву рӯзҳои ид хотири онҳо шод гардонда мешавад", - гуфтааст ӯ.
Манбаъ афзуда, ки Шукрулло Амирбекзода ва Мирҳабиб Мирмуҳаммедов ҳар ду ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шуда, аз кумакҳои иҷтимоии давлат бархурдоранд.
Раиси вилоят ба наврасон туҳфаҳои худро супорида, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу кардааст.