https://sputnik.tj/20220530/taqvimi-iun-vahdati-milli-1048798935.html
Тақвими июн: Ваҳдати миллӣ 25-сола мешавад
Тақвими июн: Ваҳдати миллӣ 25-сола мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар нахустин моҳи тобистони соли равон тоҷикистониён 9 рӯзи истироҳатӣ хоҳанд дошт ва яке аз идҳои муҳим дар таърихи муосири кишварро таҷлил мекунанд
2022-05-30T18:30+0500
2022-05-30T18:30+0500
2022-05-30T18:30+0500
тасвирбаён
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
рӯзи ваҳдати миллӣ
истироҳат
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/14/1048598323_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_6e736f6ce01ac0a506d520568b1d0648.png
Моҳи июн, ки имсол 30 рӯзро дар бар мегирад, барои тоҷикистониён 8 рӯзи истироҳатии тақвимӣ, 1 иди расмии таътилӣ ва 21 рӯзи корӣ дорад. Тоҷикистониён дар моҳи июн Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд, ки расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҷанги шаҳрвандӣ 5 сол - аз 5 майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард. Рӯзи 27 июн, бар асоси Қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст. Ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ буда, дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ баргузор мегарданд. Қабули 2 иди нав дар тақвими ТоҷикистонМаҳз дар ҳамин рӯз 25 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд. Таъкид мегардад, ки маҳз ин санад Тоҷикистонро аз нестшавӣ аз харитаи сиёсӣ ва мардумро аз парокандагӣ ҳифз кард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/14/1048598323_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_a04f1fcdec633d721ad7660764593561.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тақвим, ваҳдати миллӣ
Тақвими июн: Ваҳдати миллӣ 25-сола мешавад
Дар нахустин моҳи тобистони соли равон тоҷикистониён 9 рӯзи истироҳатӣ хоҳанд дошт ва яке аз идҳои муҳим дар таърихи муосири кишварро таҷлил мекунанд
Моҳи июн, ки имсол 30 рӯзро дар бар мегирад, барои тоҷикистониён 8 рӯзи истироҳатии тақвимӣ, 1 иди расмии таътилӣ ва 21 рӯзи корӣ дорад.
Тоҷикистониён дар моҳи июн Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд, ки расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҷанги шаҳрвандӣ 5 сол - аз 5 майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.
Рӯзи 27 июн, бар асоси Қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст. Ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ буда, дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ баргузор мегарданд.
Маҳз дар ҳамин рӯз 25 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд.
Таъкид мегардад, ки маҳз ин санад Тоҷикистонро аз нестшавӣ аз харитаи сиёсӣ ва мардумро аз парокандагӣ ҳифз кард.