Сарвазири Ӯзбекистон дар Душанбе густариши ҳамкориро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Екатерина Штукина Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода
Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Душанбе мизбони ҷаласаи 9-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мешавад. Ҷонибҳоро ҳайатҳои воломақом намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар садри як ҳайати воломақом вориди Тоҷикистон шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳадафи сафари Орипов иштирок дар ҷаласаи 9-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекистонияш баргузор мешавад.

"Дар ҷаласа маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисоду тиҷорат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин боздиди ҳайати меҳмонон аз корхонаи тавлиди обу машрубот - "Сиёма" ва "Қасри теннису маҷмааи варзиши обӣ"-и шаҳри Душанбе дар назар аст.
Баррасии таҳкими ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ дар ҳолест, ки тайи солҳои охир муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон майли афзоиш дорад. Аз ҷумла соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 34,2% афзоиш ёфта, ба беш аз 447,8 миллион доллар расид.
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гардиши молро афзоиш доданд
Дар авоили солҳои 2000 Ӯзбекистон яке аз се шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мерафт ва ҳаҷми муомилоти мол миёни ин кишварҳо дар як сол беш аз 500 миллион долларро ташкил медод.
Дар чаҳор моҳи аввали соли 2022 ин рақам аз 173 миллион доллар гузашт. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн ва ё 30,4% зиёд аст.
Колоҳои аслии Тоҷикистон, ки Ӯзбекистон мехарад, алюминийи аввалия, нерӯи барқ, намак, семент, оҳак ва ғайра мебошанд.
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон асосан нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ, гази табиӣ, асбобҳои рӯзгор, либос ва ғайра ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0