Тими Тоҷикистон бо мунтахаби ИМА зӯрозмоӣ мекунад

© Федерация футбола ТаджикистанаТаджикистан против Беларуси: как национальная сборная сыграла с "Динамо"
Таджикистан против Беларуси: как национальная сборная сыграла с Динамо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Обуна шудан
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон - "U-20" таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар аввали моҳи июн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тими миллии ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон "U-20" бо мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки бозиҳои 2 ва 4 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Вақти оғози бозӣ соати 20:00 бо вақти Душанбе нишон дода шудаст.
Баргузории бозиҳои дӯстона дар ҳолест, ки ҷавонони Тоҷикистон соли равон барои гирифтани роҳхат ба Ҷоми Осиё - 2023 талош хоҳанд кард.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон - "U-20" дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "I" мусобиқа мекунад.
Петр Сегрт, главный тренер национальной сборной Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Яккачини Тоҷикистон пеш аз Ҷоми Осиё як бозии дӯстона доир мекунад: бо кӣ?
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳарифони тими кишвар дар ин гурӯҳ дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур мебошанд. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи "I" аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.
"Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон роҳ меёбанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷоми Осиё-2023 миёни тимҳои миллии ҷавонони кишварҳои минтақа дар риштаи футбол аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0