https://sputnik.tj/20220529/nigeriya-taqsim-ghizo-roygon-halok-1048782752.html
Дар Нигерия аснои тақсими ғизои ройгон беш аз 30 нафар ҳалок шуд
Дар Нигерия аснои тақсими ғизои ройгон беш аз 30 нафар ҳалок шуд
Sputnik Тоҷикистон
Созмондиҳандагони чорабинии хайриявӣ аз ҷониби пулис боздошт шуданд. Зеро ба далели ташкили нодурусти ин иқдом, одамони зиёд фавтиданд 29.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-29T18:30+0500
2022-05-29T18:30+0500
2022-05-29T18:30+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
нигерия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102458/54/1024585458_0:300:5760:3540_1920x0_80_0_0_51c61578991ca11ebce5590e7c9bf52e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар ҷануби Нигерия бар асари издиҳом ҳангоми тақсими ғизои ройгон дасти кам 31 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар миёни кушташудагон як зани ҳомиладор ва се кӯдак низ ҳастанд.Фоҷиа дар яке аз калисоҳои насронӣ рух дод. Бар хабари PM News, ҳазорон нафар дар соати 2-и субҳ дар маҳалли муайяншуда ҷамъ омаданд, ки дар натиҷаи издиҳоми зиёд талафоти ҷонӣ сурат гирифт.Дар байни қурбониён як зан бо кӯдаки чормоҳаи худ низ қарор дошт.Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулис ҷасади мардумро аз ҷойи ҳодиса берун меоварданд ва ҳамчунин ҷароҳатбардоштагонро ба табибон месупориданд.Башарият дар хатар: изҳороти ҳайратангези Вазорати дифои Русия дар бораи обилаи маймунИн иқдом ба хотири дастгирии одамони нодор ташкил шуд, то онҳоро бо либосу ғизо таъмин кунанд. Вале ба далели ҷамъ омадани теъдоди зиёди мардум ин иқдом ба мотам табдил ёфт.Дертар, аъзоёни ҷомеа, аз ҷумла як мушовири ҳуқуқии калисо ва созмондиҳандаи барнома, аз ҷониби полиси Нигерия боздошт шуданд.
нигерия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102458/54/1024585458_320:0:5440:3840_1920x0_80_0_0_88c31fc7e27abee77e52f7f88786e7cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, нигерия
дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, нигерия
Дар Нигерия аснои тақсими ғизои ройгон беш аз 30 нафар ҳалок шуд
Созмондиҳандагони чорабинии хайриявӣ аз ҷониби пулис боздошт шуданд. Зеро ба далели ташкили нодурусти ин иқдом, одамони зиёд фавтиданд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар ҷануби Нигерия бар асари издиҳом ҳангоми тақсими ғизои ройгон дасти кам 31 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар миёни кушташудагон як зани ҳомиладор ва се кӯдак низ ҳастанд.
Фоҷиа дар яке аз калисоҳои насронӣ рух дод. Бар хабари PM News, ҳазорон нафар дар соати 2-и субҳ дар маҳалли муайяншуда ҷамъ омаданд, ки дар натиҷаи издиҳоми зиёд талафоти ҷонӣ сурат гирифт.
Дар байни қурбониён як зан бо кӯдаки чормоҳаи худ низ қарор дошт.
"Вақте дидам, ки шумораи бештари одамон барои гирифтани либос ва ғизои ройгон мешитобанд, ман маҷбур шудам, ки он маконро тарк кунам. Зеро мардумро ягон кас назорат намекард", - нақл намудааст як шоҳиди ҳодиса.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулис ҷасади мардумро аз ҷойи ҳодиса берун меоварданд ва ҳамчунин ҷароҳатбардоштагонро ба табибон месупориданд.
Ин иқдом ба хотири дастгирии одамони нодор ташкил шуд, то онҳоро бо либосу ғизо таъмин кунанд. Вале ба далели ҷамъ омадани теъдоди зиёди мардум ин иқдом ба мотам табдил ёфт.
Дертар, аъзоёни ҷомеа, аз ҷумла як мушовири ҳуқуқии калисо ва созмондиҳандаи барнома, аз ҷониби полиси Нигерия боздошт шуданд.