https://sputnik.tj/20220528/sheremet-rusiya-ittifoqhoi-haros-1048762127.html
Шеремет гуфт, Русия аз иттифоқҳои нави зиддирусиягӣ ҳарос надорад
Шеремет гуфт, Русия аз иттифоқҳои нави зиддирусиягӣ ҳарос надорад
Sputnik Тоҷикистон
То кунун ба касе муяссар нашудааст, ки Русияро ба зону дарбиёварад ва муваффақ ҳам нахоҳад шуд, мегӯяд вакили Думаи давлатӣ дар шарҳи блоксозиҳои Киеву Лондон
2022-05-28T11:30+0500
2022-05-28T11:30+0500
2022-05-30T14:10+0500
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047867532_0:131:3072:1859_1920x0_80_0_0_f1acb3e20b9bc3faa552c3da2551aafe.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим Михаил Шеремет дар шарҳи гузоришҳои расонаҳо дар бораи нақшаи таъсиси эътилофи зиддирусӣ дар Лондон гуфт, ки Русия аз иттиҳодҳои низомӣ наметарсад.Рӯзномаи Corriere Della Sera бо такя ба манобеъаш навишт, ки нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон ба Владимир Зеленский пешниҳод кардааст, ки иттиҳод, Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русия таъсис диҳад. Гуфта мешавад, ки баъдан ба ҷуз Украина, Лаҳистон, Эстония, Латвия ва Литва Туркияро низ метавон шомили он кард."Бигзор Ҷонсон ҳикояҳои даҳшатноки худро дар худ нигоҳ дорад. Русия аз ҳеҷ гуна иттифоқҳои нави низомӣ наметарсад. Мо ҳеҷ гоҳ аз касе натарсидем. Британияи Кабир борҳо ба блокҳои гуногун алайҳи кишвари мо ворид шуд, аммо дар ниҳоят ҳамеша дасти холӣ монд”, - гуфт Шеремет ба РИА Новости.Ӯ таъкид кард, то кунун ба касе муяссар нашудааст, ки Русияро ба зону дарбиёварад ва муваффақ ҳам нахоҳад шуд.Ба гуфтаи ӯ, Русия қодир аст бо ҳар гуна душман мубориза барад.Рӯзи 24 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эълом дошт, ки дар посух ба дархости кумак аз раҳбарони ҶМЛ ва ҶМД тасмим гирифтааст, барои ҳифзи Донбасс амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.Тасмими гузаронидани амалиёт сабаби таҳримҳои нави ИМА ва муттаҳидонаш алайҳи Русия шуд.
https://sputnik.tj/20220131/boris-jonson-rusiya-jang-1045356222.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047867532_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_97615786c2e0a703ec3873e7b95d5185.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шеремет русия иттифоқ ҳарос
шеремет русия иттифоқ ҳарос
Шеремет гуфт, Русия аз иттифоқҳои нави зиддирусиягӣ ҳарос надорад
11:30 28.05.2022 (Навсозишуда: 14:10 30.05.2022) То кунун ба касе муяссар нашудааст, ки Русияро ба зону дароварад ва муваффақ ҳам нахоҳад шуд, мегӯяд вакили Думаи давлатӣ дар шарҳи блоксозиҳои Киеву Лондон
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим Михаил Шеремет дар шарҳи гузоришҳои расонаҳо дар бораи нақшаи таъсиси эътилофи зиддирусӣ дар Лондон гуфт, ки Русия аз иттиҳодҳои низомӣ наметарсад.
Рӯзномаи Corriere Della Sera бо такя ба манобеъаш навишт, ки нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон ба Владимир Зеленский пешниҳод кардааст, ки иттиҳод, Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русия таъсис диҳад. Гуфта мешавад, ки баъдан ба ҷуз Украина, Лаҳистон, Эстония, Латвия ва Литва Туркияро низ метавон шомили он кард.
"Бигзор Ҷонсон ҳикояҳои даҳшатноки худро дар худ нигоҳ дорад. Русия аз ҳеҷ гуна иттифоқҳои нави низомӣ наметарсад. Мо ҳеҷ гоҳ аз касе натарсидем. Британияи Кабир борҳо ба блокҳои гуногун алайҳи кишвари мо ворид шуд, аммо дар ниҳоят ҳамеша дасти холӣ монд”, - гуфт Шеремет ба РИА Новости.
Ӯ таъкид кард, то кунун ба касе муяссар нашудааст, ки Русияро ба зону дарбиёварад ва муваффақ ҳам нахоҳад шуд.
"Ҳамаи кӯшишҳои онҳо барои фитнаангезӣ ба Русия маҳкум ба нокомӣ аст. Рақибони мо бо шармандагӣ ва фаромӯшии ногузир дучор хоҳанд шуд", - таъкид кард сиёсатмадор.
Ба гуфтаи ӯ, Русия қодир аст бо ҳар гуна душман мубориза барад.
Рӯзи 24 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эълом дошт, ки дар посух ба дархости кумак аз раҳбарони ҶМЛ ва ҶМД тасмим гирифтааст, барои ҳифзи Донбасс амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.
Тасмими гузаронидани амалиёт сабаби таҳримҳои нави ИМА ва муттаҳидонаш алайҳи Русия шуд.