Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Оғози тафтиши ҷиноятҳои ҷангҷӯёни украинӣ дар шаҳри Херсон

© AFP 2023 / Olga MaltsevaРоссийские военные у Каховской ГЭС в Херсонской области
Российские военные у Каховской ГЭС в Херсонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Обуна шудан
Мутахассисони русиягӣ дар Херсон ба тафтиши ҷиноятҳои ҷангиёни украинӣ - шиканҷаи низомиёни Русия ва ҳамлаҳои мушакӣ, шуруъ карданд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Муфаттишони Русия барои таҳқиқи далелҳои ҷиноятҳои ҷангҷӯёни украинӣ вориди Херсон шуданд.
Дар ин бора муовини раиси маъмурияти низомиву шаҳрвандии вилоят Кирилл Стремусов хабар дод.
"Гурӯҳи муфаттишони Русия омада, ба таҳқиқи далелҳои шиканҷаи ҷангҷӯёни украинӣ, ки ин минтақа таҳти назорати режими Киев буд ва ҳамчунин тирборон кардани минтақа аз ҷониби миллатгароён бо мушакҳои "Точка-У" шурӯъ карданд", - гуфт Стремусов.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Военнослужащие Росгвардии в Херсонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Вилояти Херсон марзҳоро бо минтақаҳои таҳти назорати Украина баст
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухан нест, таъкид кард президенти Русия.
Омӯзгорони Херсону Запороже бозомӯзӣ мегузаранд
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Лентаи хабарҳо
0