https://sputnik.tj/20220528/loiq-rajabov-az-beadolati-dar-mma-to-dastgirii-padarandar-va-qasdgiri-dar-vatan---video-1048766485.html
Лоиқ Раҷабов: аз беадолатӣ дар ММА, то дастгирии падарандар ва қасдгирӣ дар Ватан - видео
Лоиқ Раҷабов: аз беадолатӣ дар ММА, то дастгирии падарандар ва қасдгирӣ дар Ватан - видео
Sputnik Тоҷикистон
Лоиқ Раҷабов дар бораи ноадолатӣ дар ММА, дастгирии падарандар, қасдгирӣ дар Тоҷикистон ва шахсияти Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор гуфт
2022-05-28T15:24+0500
2022-05-28T15:24+0500
2022-05-29T13:52+0500
орзу исоев
лоиқ раҷабов
иҷтимоъ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
tajikistan style
ҳабиб нурмуҳаммадов
макгрегор
мма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044957034_0:0:585:330_1920x0_80_0_0_594ac94a7c8a22f2512f015e2f59ab81.png
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Паҳлавони номии тоҷик Лоиқ Раҷабов, ки намоёнтарин намояндаи Тоҷикистон дар муҳорибаҳои омехта мебошад, дар бораи зиндагии шахсӣ ва беадолатӣ дар ММА нақл кард.Як қадам то миллион долларВарзишкори тоҷик дар барномаи "Ногуфтаҳо" гуфт, рақобат кардан барои миллион доллар ангезаи хубест барои ба сатҳи баланди варзишӣ расидан. Вале, оне, ки дар ин рақобат боиси намоён будани бартарияти ӯ, пирӯзиро ба рақибаш доданд ва дасти ӯро боло карданд, ӯ худ дар ҳайрат афтод.Лоиқ мегӯяд, агар ин ҳодиса дар кишварҳои пасошӯравӣ ба вуқӯъ мепайваст ӯ онқадар ба ин аҳамият намедод, вале ин беадолатӣ дар як кишвари бонуфузи "демократӣ" - ИМА рух дод.Лоиқ мегӯяд аз болои ин ноадолатӣ шикоят ҳам карда буданд, вале фоида накард. Пас аз ин ҳодиса варзишкор барои иваз кардани менеҷери худ тасмим гирифт.Дастгирии падарандар ва ҷудоӣ аз падарЛоиқ Раҷабов тақрибан аз 7-солагӣ бидуни падараш бузург шудааст. Падар ва модараш аз ҳам ҷудо шудаанд ва модараш ҳамсари дигар дорад.Варзишкори тоҷик мегӯяд бо падарандараш муносибати хуб дорад ва аз замоне, ки Лоиқ ба ММА пайвастааст ӯ ҳам мухлиси ин намуди варзиш шудааст ва пайваста ӯро мухлисӣ мекунад."Ҳатто занг зада аз рафти муҳорибаҳои дигар варзишкорони ММА пурсон мешавад", - гуфт Лоиқ.Вале, муттаассифона бо падари худ Лоиқ робита надорад. Лоиқ Раҷабов оиладор соҳиби се фарзанд - ду писар ва як духтар мебошад.Ҳабиб vs Конор - арзёбии ЛоиқЛоиқ Раҷабов дар бораи шахсияти ҳамкасбони худ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор низ изҳори назар кард. Ӯ мегӯяд Конорро барои дағалгуфториаш чун шахсият эҳтиром намекунад, вале ҳамчун варзишкор эътирофаш дорад.Эълони нахустин зӯрозмоӣ ва рақиби Лоиқ Раҷабов дар лигаи Ҳабиб НурмуҳаммадовДар Бораи Ҳабиб бошад, Лоиқ мегӯяд чун рафтору гуфтори шоиста дорад ва дар варзиш ҳам обутобёфта ҳаст эҳтиромаш мекунад. Ин варзишкори тоҷик низ бародари ҳазорони дигар рақобати пурсарусадои Ҳабиб ва Конорро тамошо кардааст."Ман ҳатто ин муҳорибаро рост истода тамошо кардам. Боварӣ доштам, ки Ҳабиб пирӯз мешавад", - гуфт Лоиқ.Қасдгирӣ ва ғаразҳо дар варзиши ТоҷикистонЛоиқ Раҷабов дар рафти мусоҳиба аз ҳодисае ёдовар шуд, ки боиси ба сабқатҳои бузург роҳ наёфтанаш шудааст. Ӯ мегӯяд, бояд ба Қаҳрамонии Аврупо сафар мекард ва ин "нафар", ки Лоиқ он замон намешинохташ ба ӯ пешниҳод кардааст, ки аз сабқат даст кашаду кори ӯро иҷро кунад, вале Лоиқ ин таклифро рад кардааст."Ман ба ун одам ваъда додам, ӯро мешинохтам чӣ гуна метавонистам ба қаҳрамонӣ сафар накунам ва ин одамеро, ки нав ба наздам омадааст ва ҳамагӣ 20 дақиқа мешиносамаш эътимод кунам", - гуфт Лоиқ.Ҳамин ҳодиса боиси ғарази ун шахс шудаасту ӯ Лоиқро аз сабқатҳои зиёди бонуфуз маҳрум кардааст ва боз худ ба Лоиқ аз ин қасдгириаш хабар додааст. Лоиқ мегӯяд аз чунин рафтор дар ҳайрат аст.Лоиқ Раҷабов гуфт на ҳар шахсе, ки бадани расо дорад метавонад дар баробари варзишкорони касбӣ истодагарӣ кунад ва барои варзишкори хуб шудан, бояд ангезаи хуб, дастгирии наздикон ва меҳнати пурсамар лозим аст.Раҷабов, ки ахиран ба лигаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов пайваст, 31 сол дошта, бо лақаби Jaguar Paw машҳур аст ва дар корномаи варзишияш 20 рақобати касбӣ, 15 ғалаба, чаҳор бохт ва як мусовӣ дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044957034_0:0:585:440_1920x0_80_0_0_ccf8b82c9e4708793ab48712a76f30b2.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лоиқ раҷабов, миллион доллар, варзишкори тоҷик, мма
лоиқ раҷабов, миллион доллар, варзишкори тоҷик, мма
Лоиқ Раҷабов: аз беадолатӣ дар ММА, то дастгирии падарандар ва қасдгирӣ дар Ватан - видео
15:24 28.05.2022 (Навсозишуда: 13:52 29.05.2022) Лоиқ Раҷабов дар бораи ноадолатӣ дар ММА, дастгирии падарандар, қасдгирӣ дар Тоҷикистон ва шахсияти Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор гуфт
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Паҳлавони номии тоҷик Лоиқ Раҷабов, ки намоёнтарин намояндаи Тоҷикистон дар муҳорибаҳои омехта мебошад, дар бораи зиндагии шахсӣ ва беадолатӣ дар ММА нақл кард.
Як қадам то миллион доллар
Варзишкори тоҷик дар
барномаи "Ногуфтаҳо" гуфт, рақобат кардан барои миллион доллар ангезаи хубест барои ба сатҳи баланди варзишӣ расидан. Вале, оне, ки дар ин рақобат
боиси намоён будани бартарияти ӯ, пирӯзиро ба рақибаш доданд ва дасти ӯро боло карданд, ӯ худ дар ҳайрат афтод.
Лоиқ мегӯяд, агар ин ҳодиса дар кишварҳои пасошӯравӣ ба вуқӯъ мепайваст ӯ онқадар ба ин аҳамият намедод, вале ин беадолатӣ дар як кишвари бонуфузи "демократӣ" - ИМА рух дод.
"Ман ҳайрон шудам, чун 100 дарсад бовар доштам, ки пирӯз шудам. Намедонам, чӣ сиёсате буд, ки онҳо ин корро карданд, худам то ҳол посухашро наёфтаам", - гуфт Лоиқ Рақабов.
Лоиқ мегӯяд аз болои ин ноадолатӣ шикоят ҳам карда буданд, вале фоида накард. Пас аз ин ҳодиса варзишкор барои иваз кардани менеҷери худ тасмим гирифт.
Дастгирии падарандар ва ҷудоӣ аз падар
Лоиқ Раҷабов тақрибан аз 7-солагӣ бидуни падараш бузург шудааст. Падар ва модараш аз ҳам ҷудо шудаанд ва модараш ҳамсари дигар дорад.
Варзишкори тоҷик мегӯяд бо падарандараш муносибати хуб дорад ва аз замоне, ки Лоиқ ба ММА пайвастааст ӯ ҳам мухлиси ин намуди варзиш шудааст ва пайваста ӯро мухлисӣ мекунад.
"Ҳатто занг зада аз рафти муҳорибаҳои дигар варзишкорони ММА пурсон мешавад", - гуфт Лоиқ.
Вале, муттаассифона бо падари худ Лоиқ робита надорад.
"Вақте медонӣ, ки зинда ҳасту дар инқадар сол ба суроғат намеояд сахт дилмонда мешавӣ. Чун худ падар ҳастам, ҳайронам, чӣ гуна ҷавонмард метавонад чунин рафтор кунад, мо чӣ гуноҳ дорем", - мегӯяд бо таассуф Лоиқ.
Лоиқ Раҷабов оиладор соҳиби се фарзанд - ду писар ва як духтар мебошад.
Ҳабиб vs Конор - арзёбии Лоиқ
Лоиқ Раҷабов дар бораи шахсияти ҳамкасбони худ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор низ изҳори назар кард. Ӯ мегӯяд Конорро барои дағалгуфториаш чун шахсият эҳтиром намекунад, вале ҳамчун варзишкор эътирофаш дорад.
Дар Бораи Ҳабиб бошад, Лоиқ мегӯяд чун рафтору гуфтори шоиста дорад ва дар варзиш ҳам обутобёфта ҳаст эҳтиромаш мекунад. Ин варзишкори тоҷик низ бародари ҳазорони дигар рақобати пурсарусадои Ҳабиб ва Конорро тамошо кардааст.
"Ман ҳатто ин муҳорибаро рост истода тамошо кардам. Боварӣ доштам, ки Ҳабиб пирӯз мешавад", - гуфт Лоиқ.
Қасдгирӣ ва ғаразҳо дар варзиши Тоҷикистон
Лоиқ Раҷабов дар рафти мусоҳиба аз ҳодисае ёдовар шуд, ки боиси ба сабқатҳои бузург роҳ наёфтанаш шудааст. Ӯ мегӯяд, бояд ба Қаҳрамонии Аврупо сафар мекард ва ин "нафар", ки Лоиқ он замон намешинохташ ба ӯ пешниҳод кардааст, ки аз сабқат даст кашаду кори ӯро иҷро кунад, вале Лоиқ ин таклифро рад кардааст.
"Ман ба ун одам ваъда додам, ӯро мешинохтам чӣ гуна метавонистам ба қаҳрамонӣ сафар накунам ва ин одамеро, ки нав ба наздам омадааст ва ҳамагӣ 20 дақиқа мешиносамаш эътимод кунам", - гуфт Лоиқ.
Ҳамин ҳодиса боиси ғарази ун шахс шудаасту ӯ Лоиқро аз сабқатҳои зиёди бонуфуз маҳрум кардааст ва боз худ ба Лоиқ аз ин қасдгириаш хабар додааст. Лоиқ мегӯяд аз чунин рафтор дар ҳайрат аст.
"То чӣ андоза мафкураи инсон чунин кунд мешавад, ки қасд мегирад", - суолгузорӣ мекунад Лоиқ.
Лоиқ Раҷабов гуфт на ҳар шахсе, ки бадани расо дорад метавонад дар баробари варзишкорони касбӣ истодагарӣ кунад ва барои варзишкори хуб шудан, бояд ангезаи хуб, дастгирии наздикон ва меҳнати пурсамар лозим аст.
Раҷабов, ки ахиран
ба лигаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов пайваст, 31 сол дошта, бо лақаби Jaguar Paw машҳур аст ва дар корномаи варзишияш 20 рақобати касбӣ, 15 ғалаба, чаҳор бохт ва як мусовӣ дорад.