Вуруди беш аз 17 ҳазор гуреза дар як шабонарӯз аз Донбасс ба Русия

© Sputnik / Sergei Averin / Гузариш ба медиабонкЖители Донецкой народной республики (ДНР) на железнодорожной станции в Дебальцево во время эвакуации на территорию России в Ростовскую область
Жители Донецкой народной республики (ДНР) на железнодорожной станции в Дебальцево во время эвакуации на территорию России в Ростовскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Баробари қабули гурезаҳо Русия ҳазорҳо тонна кумаки башардӯстона ва хадамоти аввалияи тиббиро дар ҷумҳуриҳои Донбасс таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта беш аз 17 ҳазор гуреза аз Донбасс вориди Русия шудаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба иттилои мақомоти марзбонии Хадамоти федералии амният дар вилояти Ростов хабар дод.
"Дар шабонарӯзи гузашта аз тариқи гузаргоҳҳои марзии вилояти Ростов зиёда аз 17 ҳазор нафар вориди Русия гардиданд". - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ аз тариқи гузаргоҳҳои вилояти Ростов беш аз 1 млну 187 ҳазор гуреза вориди Русия гардидаанд. Дар маҷмуъ теъдоди гурезаҳо аз Украина ва Донбасс дар Русия ҳудуди 1,5 млн нафар арзёбӣ мегардад.
Дар зимн баробари қабули гурезаҳо аз Украина низомиёни ФР ба даҳҳо тонна кумаки башардӯстона ва хадамоти аввалияти тиббию дорувории заруриро ба сокинони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд.
Интиқоли шаҳрвандон аз Донбасс аз нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид.
Мелитополь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вилояти Запороже ба вақти Маскав гузашт
Комиссари олии паноҳандагони СММ қаблан гуфта буд, аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳудуди 5,2 млн украинӣ ин кишварро тарк кардаанд. Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0