https://sputnik.tj/20220527/tojikiston-narkh-benzin-dizel-1048740569.html
Дар Тоҷикистон нархи бензину дизел каме поён шуд, вале газ бетағйир
Дар Тоҷикистон нархи бензину дизел каме поён шуд, вале газ бетағйир
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши фурӯши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар навоҳии Тоҷикистон махсусан шимоли кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ андак поён рафтааст
2022-05-27T09:54+0500
2022-05-27T09:54+0500
2022-05-27T12:59+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
суғд
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2cabe493ca2e1c9017a8b5ed1fbbdc12.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд субҳи 27 май тоблуҳои нархи худро иваз намуданд, ки дар онҳо коҳиши арзиш мушоҳида мешавад. Дар тоблуҳои нав ҳоло арзиши бензини АИ 95 11,10 сомонӣ, АИ 92 10, 60 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11, 60 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархномаи ҷадид дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ 20 дирам арзон гуфта мешавад. Ҳудуди ду моҳ ба ин тараф бензини АИ 95 11, 30 сомонӣ, АИ 92 – 10, 80 сомонӣ ва дизел – 11, 80 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ҳудуди ду моҳ ба ин тараф бензини АИ 95 11,30 сомонӣ, АИ 92 10,80 сомонӣ ва дизел 11,80 сомонӣ фурӯхта мешуд. Масъулони таъмингоҳҳои маводи сӯхт зимни суҳбат дар бораи тағйирёбии нарх таъкид мекунанд.Дилшод Ҳасанов, яке аз фурӯшандаҳои ширкати маводи сӯхт дар Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби коҳиши нархро ба қурби доллар рабт дод. “Қимати доллар ҳар рӯз коҳиш ёфта истодааст, ба ҳамин сабаб нархи маводи сӯхт ҳам дар ҳамаи фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии кишвар рӯ ба поёнравӣ дорад”, – гуфт ин фурӯшанда. Наздик ба як моҳ аст, ки арзиши доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаии асъор ба таври бесобиқа поён меравад. Бино ба эълони бонкҳои Тоҷикистон, арзиши 1 доллари амрикоӣ ба 11,4 сомонӣ баробар шудааст. Дар ин миён арзиши 1 рубли русӣ то 1,73 сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ 0, 23 сомонӣ бештар аст. Тоҷикистон ниёзашро ба маводи сӯхт аз ҳисоби воридот таъмин мекунанд. Асосан ин навъи маҳсулот ба кишвар аз Русия ва Қазоқистон ворид мегардад.
https://sputnik.tj/20220422/tojikiston-mahsulot-naft-istehsol-vorid-1047856110.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_685718bc7667793a12092086734dbd36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон нарх бензин дизел
тоҷикистон нарх бензин дизел
Дар Тоҷикистон нархи бензину дизел каме поён шуд, вале газ бетағйир
09:54 27.05.2022 (Навсозишуда: 12:59 27.05.2022) Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар навоҳии Тоҷикистон, махсусан дар шимоли кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ андаке коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар навоҳии Суғд субҳи 27 май тоблуҳои нархи худро иваз намуданд, ки дар онҳо коҳиши арзиш мушоҳида мешавад.
Дар тоблуҳои нав ҳоло арзиши бензини АИ 95 11,10 сомонӣ, АИ 92 10, 60 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11, 60 сомонӣ муқаррар шудааст.
Нархномаи ҷадид дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ 20 дирам арзон гуфта мешавад.
Ҳудуди ду моҳ ба ин тараф бензини АИ 95 11, 30 сомонӣ, АИ 92 – 10, 80 сомонӣ ва дизел – 11, 80 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Ҳудуди ду моҳ ба ин тараф бензини АИ 95 11,30 сомонӣ, АИ 92 10,80 сомонӣ ва дизел 11,80 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Масъулони таъмингоҳҳои маводи сӯхт зимни суҳбат дар бораи тағйирёбии нарх таъкид мекунанд.
Дилшод Ҳасанов, яке аз фурӯшандаҳои ширкати маводи сӯхт дар Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби коҳиши нархро ба қурби доллар рабт дод.
“Қимати доллар ҳар рӯз коҳиш ёфта истодааст, ба ҳамин сабаб нархи маводи сӯхт ҳам дар ҳамаи фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии кишвар рӯ ба поёнравӣ дорад”, – гуфт ин фурӯшанда.
Наздик ба як моҳ аст, ки арзиши доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаии асъор ба таври бесобиқа поён меравад. Бино ба эълони бонкҳои Тоҷикистон, арзиши 1 доллари амрикоӣ ба 11,4 сомонӣ баробар шудааст. Дар ин миён арзиши 1 рубли русӣ то 1,73 сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ 0, 23 сомонӣ бештар аст.
Тоҷикистон ниёзашро ба маводи сӯхт аз ҳисоби воридот таъмин мекунанд. Асосан ин навъи маҳсулот ба кишвар аз Русия ва Қазоқистон ворид мегардад.