Дар Тоҷикистон фурӯши фурӯзонакҳои каммасрафи симобӣ манъ мешавад

© © SPUTNIK / ПЕТР ЧЕРНОВЭнергосберегающие лампочки
Энергосберегающие лампочки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Ин навъи фурӯзонакҳо, ки каммасраф гуфта мешуданд, тақрибан даҳ сол пеш дар Тоҷикистон таблиғ мешуданд ва истифода аз онҳо ба мардум тавсия дода мешуд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон воридот, истеҳсол ва фурӯши фурӯзонакҳои симобӣ манъ карда мешавад.
Ин масъала рӯзи ҷумъа дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раҳбарии раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, баррасӣ шудааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баррасӣ гардидааст.
Зимнан дар маҷлиси ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаҳо "Дар бораи савдои электронӣ", "Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ", "Дар бораи чарогоҳ" ва дар бораи лоиҳаи қонун "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол шудаанд.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Ширкати "Барқи тоҷик" қасд дорад, аз Русия таҷҳизот харидорӣ кунад
Ёдрас менамоем, ки фурӯзонакҳои симобӣ солҳои пеш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ҳамчун фурӯзонакҳои каммасраф тарғиб мешуданд ва истифодаи онҳоро яке аз роҳҳои сарфаи қувваи барқ мегуфтанд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2020 дар Тоҷикистон нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея - “Ғаюр Корея Технолоҷӣ” ба фаъолият шуруъ кард, ки ба истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ машғул аст.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии Тоҷикистон, иқтидори истеҳсолии корхона дар марҳилаи аввал 100 ҳазор фурӯзонак дар як моҳ ва 1 миллиону 200 ҳазор дона дар як сол буда, барои таъмини талаботи бозори дохилӣ равона карда шудааст.
Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ дар доираи ҳамкории Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо ҷалби сармояи ширкати кореягии Гайа Энерҷӣ Ко ЭЛТЕДЕ (GAIA ENERGY Co.Ltd) сохта шудааст.
Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе ивазкунандаи воридот буда, аз ҷиҳати кафолатнокӣ аз 1 то 3 сол пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0