https://sputnik.tj/20220526/sobyanin-istehsol-moskvich-1048724828.html
Собянин овозаҳо дар бораи азсаргирии истеҳсоли "Москвич"-и куҳнаро рад кард
Собянин овозаҳо дар бораи азсаргирии истеҳсоли "Москвич"-и куҳнаро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Маскав гуфт, дар собиқ заводи мошинсозии "Рено" на мошинҳои қадимӣ, балки моделҳои нави "Москвич" истеҳсол карда мешаванд
2022-05-26T15:10+0500
2022-05-26T15:10+0500
2022-05-26T18:23+0500
сергей собянин
иқтисод
маскав
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048724614_0:814:2047:1965_1920x0_80_0_0_c4cbef453563e46567983417651a3e08.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Моделҳои куҳнаи мошини "Москвич" дар корхонаи собиқи "Рено" истеҳсол карда намешаванд.Дар ин бора шаҳрдори Маскав Сергей Собянин зимни суханронӣ дар суперфинали озмуни "Пешвоёни Русия" гуфт."Мо барои аз даст додани корхона, ки яке аз беҳтаринҳо дар кишвар аст, тарсидем ва мутаассифона, ин ҳодиса рӯй дод, "Рено" бо мо хайрухуш кард. Аммо мо ба ҳар ҳол тасмим гирифтем, ки ин салоҳиятро ба даст гирем ва "Москвич"-ро ба ёд орем", - гуфт Собянин. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, "аммо ба кадом сабабҳо бошад, ки ҳама фикр карданд, мо тасмим гирифтем, моделҳои куҳнаи "Москвич"-ро истеҳсол кунем. Мо моделҳои қадимаро истеҳсол нахоҳем кард, мо моделҳои замонавиро бо гузариш ба мошинҳои барқӣ истеҳсол мекунем, аммо барои мо шарикони байналмилалӣ лозиманд”.Қаблан созишномаҳо дар бораи интиқоли дороиҳои Русия ба "Renault" ба имзо расида буданд. Ҳиссаи "АвтоВАЗ" ба ширкати НАМИ, заводи "Рено Россия" ба шаҳри Маскав интиқол дода шуд. Маъруфтарин нақлиёт барои ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон маълум шудБа гуфтаи Собянин, қарор аст, дар корхонаи Маскав бо тамғаи таърихии "Москвич" мошинҳои сабукравҳои дорои муҳаррики маъмулӣ барои маводи сӯхт ва дар оянда мошинҳои барқӣ тавлид шаванд.
https://sputnik.tj/20220506/tavajjuh-tojikon-moshin-uzbekiston-kam-1048241815.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048724614_0:548:2047:2083_1920x0_80_0_0_cfbef287f853ea93e822d13ee3958fd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия худрав, "москвич", истеҳсол,
русия худрав, "москвич", истеҳсол,
Собянин овозаҳо дар бораи азсаргирии истеҳсоли "Москвич"-и куҳнаро рад кард
15:10 26.05.2022 (Навсозишуда: 18:23 26.05.2022) Раиси шаҳри Маскав гуфт, дар коргоҳи пешини мошинсозии "Рено" на мошинҳои қадимӣ, балки моделҳои нави "Москвич" истеҳсол карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Моделҳои куҳнаи мошини "Москвич" дар корхонаи собиқи "Рено" истеҳсол карда намешаванд.
Дар ин бора шаҳрдори Маскав Сергей Собянин зимни суханронӣ дар суперфинали озмуни "Пешвоёни Русия" гуфт.
"Мо барои аз даст додани корхона, ки яке аз беҳтаринҳо дар кишвар аст, тарсидем ва мутаассифона, ин ҳодиса рӯй дод, "Рено" бо мо хайрухуш кард. Аммо мо ба ҳар ҳол тасмим гирифтем, ки ин салоҳиятро ба даст гирем ва "Москвич"-ро ба ёд орем", - гуфт Собянин.
Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, "аммо ба кадом сабабҳо бошад, ки ҳама фикр карданд, мо тасмим гирифтем, моделҳои куҳнаи "Москвич"-ро истеҳсол кунем. Мо моделҳои қадимаро истеҳсол нахоҳем кард, мо моделҳои замонавиро бо гузариш ба мошинҳои барқӣ истеҳсол мекунем, аммо барои мо шарикони байналмилалӣ лозиманд”.
Қаблан созишномаҳо дар бораи интиқоли дороиҳои Русия ба "Renault" ба имзо расида буданд.
Ҳиссаи "АвтоВАЗ" ба ширкати НАМИ, заводи "Рено Россия" ба шаҳри Маскав интиқол дода шуд.
Ба гуфтаи Собянин, қарор аст, дар корхонаи Маскав бо тамғаи таърихии "Москвич" мошинҳои сабукравҳои дорои муҳаррики маъмулӣ барои маводи сӯхт ва дар оянда мошинҳои барқӣ тавлид шаванд.