Шеремет: Русия ҳеҷ гоҳ минтақаҳои озодшудаи Украинаро тарк намекунад

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкДепутат Государственной Думы РФ Михаил Шеремет, архивное фото
Депутат Государственной Думы РФ Михаил Шеремет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Ба бовари вакили парлумони Русия, якҷошавӣ бо ин кишвар имкониятҳои нави рушдро барои қаламравҳои озодшудаи Украина боз мекунад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим Михаил Шеремет гуфт, Русия қаламравҳои озодшудаи Украинаро тарк намекунад ва онҳоро ҳеҷ гоҳ бидуни ҳимоят намегузорад, менависад РИА "Новости".
Ӯ гуфт, кишвардори Русия, Владимир Путин ҳатто зери як қарор имзо монд, ки тибқи он, гирифтани шаҳрвандӣ барои сокинони вилоятҳои Запороже ва Херсони Украина осон мегардад.

"Қабули чунин қарор ниҳоят муҳим ва тақдирсоз аст. Ин пеш аз ҳама ҳимоят аз шаҳрвандонест, ки дар қаламравҳои озодшуда зиндагӣ мекунанд. Ин қарор собит мекунад, ки Русия минтақаҳои озодшударо тарк ва бидуни ҳимоят намемонад", - афзуд Шеремет.

Ба гуфтаи вай, ҳамгироӣ бо Русия барои минтақаҳои озодшуда имконоти нави рушдро боз мекунад.
Қаблан Михаил Шеремет изҳор карда буд, ки манотиқи ҷанубии Украина заминҳои таърихии Русия ҳастанд ва пайвастани онҳо ба Русия ногузир аст.
"Минтақаҳои ҷанубии Украина таърихан бахше аз Империяи Русия буданд ва муттаҳидшавии онҳо бо Русия ногузир аст. Новобаста аз мухолифати миллатгароёни украинӣ ин қисмат бояд бо Русия пайвандад", - афзуда буд ӯ.
П/к главы ДНР Д. Пушилина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин гуфт, ки амалиёт дар шимоли ҶМД бояд тезонда шавад
Ӯ гуфт, феълан баргузор намудани ҳама гуна раъйпурсӣ дар қаламравҳои бе ин ҳам озодшуда барвақт аст.
"Мо бояд амалиёти вижаро ба анҷом расонем... ва амнияти тамоми минтақаҳои озодшударо таъмин кунем. Дар ҳоле ки мушакҳои Украина аз болои шаҳрҳо парвоз мекунанд, барои мардум чунин интихоби масъулиятнок душвор аст", - таъкид кард вакил.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0