Қазоқистон ба Тоҷикистон муҳимоти ҷангӣ медиҳад: куҳна ё нав?

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкПродолжается переброска основных сил российских миротворцев ОДКБ в Казахстан
Продолжается переброска основных сил российских миротворцев ОДКБ в Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои Қазоқистон аз афзоиши таҳдидҳо ба амнияти минтақа ёдовар шуда, дар робита ба авзои Афғонистон ба Тоҷикистону Қирғизистон кумаки низомӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Қазоқистон дар робита ба авзоъ дар Афғонистон бори дигар ба Тоҷикистон кумаки ройгони низомӣ хоҳад расонд.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Сенати порлумони Қазоқистон созишномаҳо дар бораи расонидани кумаки ҳарбию техникӣ ба Қирғизистону Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Ин кишвар ба давлатҳои ҳамсояаш кумаки якдафъаинаи иборат аз таҷҳизоти ҳарбӣ ва техникаи махсусро медиҳад.
Муовини вазири дифоъ Руслан Шпекбаев гуфт, ки хароҷоти интиқоли таҷҳизоти низомӣ то рустои Кой-Тоши Қирғизистонро ҷониби Қазоқистон бар уҳда дорад.
Қазоқистон аз Тоҷикистон имдодхоҳӣ кард
Ҷониби Қирғизистон розӣ шуд, ки ин амвол ё ҳуқуқи истифодаи онро ба кишвари сеюм надиҳад.
Муҳимоти низомӣ ба Тоҷикистон низ интиқол дода мешавад.

"Интиқоли амволи низомӣ ба Тоҷикистон ба вазъи омодагии ҷангӣ ва тавоноии дифоии Қазоқистон таъсир намерасонад, зеро кумак аз захираҳои изофии кунунии қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон расонида мешавад", - гуфт Шпекбаев.

Вай таъкид кард, ки ироаи кумакҳои низомиву фаннӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон як масъалаи муҳими амниятии тамоми Осиёи Марказӣ аст. Шпекбоев аз авзоъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин аз чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа ёдовар шуд.
Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон соли 2021 як бор ба Тоҷикистон муҳимоти ҷангӣ дода буд.

Кумаки низомии Қазоқистон ба Тоҷикистону Қирғизистон

Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи кумаки билоивази фанниву низомӣ 17 апрели соли 2021 аз сӯйи сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин ба имзо расидааст.
Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон аз 16 декабри соли 1992 ба ин сӯ амал мекунад.
Дар ҳамин ҳол Қазоқистон моҳи феврали соли 2021 аз вогузор намудани 7 номгӯи муҳимоти ҷангӣ ба Қирғизистон хабар дод.
Ҳамин тавр аз вогузор шудани 6 миллиону 480 дона патрони тирдори навъи ПС-и 5.45-милиметра, 1 ҳазор снаряди реактивии 122-милиметра, 1 ҳазор адад патрони ҳушдори нури зарди 16-милиметра, 4 адад пости раҳгирии шунидории “Восток-СП”, 6 дастгоҳи дарёфти радиои навъи “Галактика” ва 1 комутатори мавҷгири “Калина 12х80” ба ихтиёри Қирғизистон хабар дода шуд.
Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ миёни Қазоқистону Қирғизистон 8 апрели соли 1997 баста шудааст.
Лентаи хабарҳо
0