Путин: Русия соҳибихтиёрии худро таъмин кардааст

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Президенти Русия мегӯяд, давлаташ дар самтҳои муҳими таъмини истиқлол ҳамаи корҳои заруриро аллакай анҷом додааст ва соҳибихтиёр аст
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Русия дар самтҳои муҳиме, ки соҳибихтиёриро таъмин мекунанд, ҳама гуна корро анҷом дод, гуфт президент Владимир Путин.

"Дар самтҳои калидие, ки соҳибихтиёрии моро таъмин мекунанд, мо кори аз ҳама заруриро анҷом додем. Мо пеш хоҳем рафт", — гуфт Путин дар Форуми иқтисодии кишварҳои узви ИИАО тавассути иртиботи видеоӣ.

Анҷумани иқтисодии АвруОсиё рӯзи 26 май дар Бишкек оғоз шуд: дар чорчӯби он 30 чорабинӣ, аз ҷумла ҷаласаи барномарезишудаи ин иттиҳод бо ширкати сарони давлатҳо баргузор мешавад.
Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ширкат мекунад.
Чорабинӣ таҳти раёсати Қирғизистон дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад.
Ширкаткунандагони ҷаласа фаъолияти ИИАО, аз ҷумла самтҳои стратегии рушди ҳамгироӣ то соли 2025-ро баррасӣ намуда, дастурҳои сиёсати макроиқтисодии кишварҳои узви иттиҳод барои солҳои 2022-2023-ро тасдиқ, инчунин рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории байни созмону шарикони хориҷиро баррасӣ мекунанд.
Лавров дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё сухан гуфт
Дар ин нишаст раҳбарони дигари кишварҳои узви ИИАО низ дар ҳамин шакл ширкат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 26 май дар Бишкек нахустин Форуми иқтисодии Авруосиё оғоз шуд.
Дар соли 2022 тақрибан аз 2,5 ҳазор нафар аз 15 кишвар барои ширкат дар ин чорабинӣ дархост гирифтанд. Инчунин соҳибкорон аз Амрикои Лотинӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад? МТС гуфт, хулосаҳояшро ба ҳукумат пешниҳод кардааст
Ёдовар мешавем, ИИАО Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистонро шомил буда, Молдова, Ӯзбекистон ва Куба мақоми кишварҳои нозирро доранд.
Лентаи хабарҳо
0